04:21 28 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
98801

Бонки Ҷаҳонӣ муддаӣ шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни касри буҷети худ, ки ба далели густариши вируси корона эҷод шуда, бахше аз захоири тиллои ин кишварро фурӯхтааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши ахири таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ”  бидуни ишора ба мизони фурӯши захоири тиллои Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин иқдом барои пардохти маоши кормандон, бознишастагон ва таъмини ҳазинаҳои бахши иҷтимоӣ анҷом шудааст.

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, касри буҷети Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати шаш моҳи нахусти имсол баробар бо 2, 3 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар будааст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде қабл Бонки Миллии Тоҷикистон аз афзоиши 271 миллиондолларии захоири арзии ин ниҳод дар шаш моҳи нахусти имсол хабар дод.

Гуфта мешавад, ки маҷмӯи захоири арзии Бонки Миллии Тоҷикистон дар оғози шаш моҳаи дувуми имсол ба як миллиарду 575 миллион доллар расидааст.

Аз сӯи дигар, Вазорати саноат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон эълом кард, ки дар як соли ахир дар кишвар ҳашт тон тило тавлид шуда, ки Бонки Миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ кардаанд.

Аммо дар бораи захоири арзии Вазорати молияи Тоҷикистон ба далели сиррӣ будани ин мавзуъ иттилооте мунташир намешавад.

Барчаспҳо:
тилло, захира, вируси корона, густариш, Бонки ҷаҳонӣ, Ҳукумат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ