04:45 27 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
556501

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат дастури техникӣ “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда”-ро тасдиқ карда, 6 моҳ муҳлат дод, то ин қарор амалӣ шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Дастури техникии тасдиқшуда раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш, коркард ва нобудсозии орди ғанигардонидашуда бо витамину микронутриентҳоро танзим мекунад.

Бар асоси қарори Ҳукумат,  мақомоти Тоҷикстандарт вазифадор шуддааст, ки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигар барои татбиқи дастури мазкур чораандешӣ намояд.

Вакилони парлумон масъалаи аз оби нӯшокӣ то рафъи обҳои партовро муҳокима намуданд

Дар санади имзокардаи Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки қарори мазкур баъди шаш моҳи нашраш мавриди амал қарор дода шавад.

Иловаи микронутриентҳо барои ҳифзи аҳолӣ аз кретинизму дигар бемориҳо

Қаблан дар Тоҷикистон қонун қабул гардид, ки тибқи он бо мақсади пешгирии бемориҳо бояд ба орд ва бархе анвои ғизои дигар витамину микронутриентҳо илова карда шаванд. 

Аз ҷумла таъкид шуда буд, ки барои ҷилавгирӣ аз камхунӣ, норасоии оҳан, синк, витаминҳои гурӯҳи “В”, йод ва бемориҳои дигаре, ки бинобар норасоии микронутриентӣ ба маргу кретинизм меанҷоманд, ба орду дигар ғизоҳо микронутриентҳо илова мегарданд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ, дастури техникӣ  “Дар бораи бехатарии орди ғанигардонидашуда” бо мақсади таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон ҳангоми истеъмоли орди ғанигардонида ва пешгирӣ аз фиреби истеъмолкунандагон татбиқ мешавад.

Тибқи қонун “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”, ки қаблан дар Тоҷикистон қабул гардида буд, дар баробари орд, инчунин ғанигардонии маҳсулоти дигар, аз қабили қаннодӣ, ширӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо:
Ҳукумат, қарор, орд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ