Нақша иҷро нашуд: Кумитаи андоз калонтарин "андозгурезон"-ро гуфт

© © Sputnik / Амир ИсаевГлава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото
Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда зарфи нӯҳ моҳи соли равон нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъовариашон ба зимаи ин ниҳод гузошта шудааст, иҷро нашудааст

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik.  Ба навиштаи нашрияи Кумита, иҷрои нақшаи андозӣ 92,1% иҷро шуда, ба ҷойи 8 млрд 143,3 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷети давлатӣ 7 млрд 497,0 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 646,2 млн сомонӣ кам мебошад.

Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Буҷа иҷро нашуд: давлат дар кадом бахшҳо хароҷотро кам кард?

"Иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 104,8%, вилояти Хатлон 100,6%, вилояти Суғд 100,2%, шаҳри Душанбе 100,1% ва Раёсати андози андозсупорандагони калон, ки воридоти маблағҳо аз ин ҳисоб ба буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст - 53,0% таъмин карда шуд",-афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, бақияи қарзи андозҳо ба ҳолати 1 октябри соли 2020 дар маҷмӯъ 1021,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2020 ба андозаи 440,0 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Калонтарин қарздорон

Ба иттилои Кумита, маблағи қарзи андозҳо дар ин давра, асосан, аз ҳисоби ҶСК "НБО Сангтуда 1" ба маблағи 115,6 млн сомонӣ, ҶСК "НБО Роғун" 43,2 млн сомонӣ, КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 22,0 млн сомонӣ, ҶСК "Тоҷиктелеком" 18,8 млн сомонӣ, КВД "ММЭР" 6,7 млн сомонӣ, фурудгоҳҳо ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ 67,8 млн сомонӣ ва дигар корхонаҳо афзоиш ёфтааст.

"Новобаста аз чораҳои зиёди аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда яке аз сабабҳои дар ин давра зиёд шудани бақияи қарзи андозҳо ба сари вақт ва дар ҳаҷми пурра пардохт нагардидани маблағи андозҳои ҳисобшуда аз тарафи баъзе субъектҳои хоҷагидор мебошад",-афзудааст ин ниҳод.

Дар ин давра Кумита бо мақсади пешгирӣ аз зиёдшавии маблағи бақияи қарзи андозҳо ва ҷиҳати тибқи тартиби муқарраршуда маҷбуран рӯёнидани онҳо, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти андоз нисбати 6600 андозсупорандаи қарздор 10600 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 756,8 млн сомонӣ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, шумораи қарорҳо 4640 адад ва маблағи қарорҳо 104,6 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Қарзи ноҳияи Кӯшониён аз андоз наздик ба 40 миллион сомонӣ расид

Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2019 қабулгардида, дар маҷмӯъ, ба буҷет 711,0 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 163,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0