13:11 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумот дар бораи воридот ва истеҳсоли маҳсулоти нафтиро эълон кард

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон 3,8% афзоиш ёфт, хабар медиҳад “Авеста” бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои об.

Давоми  нӯҳ моҳи соли 2020, дар кишвар беш аз 17,4 ҳазор тонна нафт истеҳсол шудааст.

Бояд қайд кард, ки ин рақам дар заминаи ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷа ночиз аст.

Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ аз моҳи январ то сентябр аз 448,7 ҳазор тонна гузашта, 18,1% афзоишро нишон дод.

“Худӣ”: дар Тоҷикистон истеҳсоли нафт афзоиш ёфтааст

Маблағи умумии харид аз хориҷа аз 214,6 миллион доллар гузашт.

Корхонаи полоиши нафт сохта шуд, аммо нафт барои коркард нест

Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтӣ боқӣ мемонад. Инчунин, маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Қазоқистон интиқол дода мешуд.

Мавзӯъҳои асосӣ