Раиси Ҳизби аграрӣ: тиҷорати озуқа ба силоҳ ва воситаи фишор табдил меёбад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Аграрной партии Рустам Латифзода
Председатель Аграрной партии Рустам Латифзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон зимни баррасии лоиҳаи қонун “Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ” таъкид кард, ки дар ояндаи наздик тиҷорати озуқа ба аслиҳаи пурқудрат ва воситаи фишори байни давлатҳо табдил меёбад

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Латифзода зимни мизи гирд дар парлумон, ба зарурати қабули қонун дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ суханронӣ намуд.

Глава Хатлонской области Курбон Хакимзода - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати раиси Хатлон ба тоҷирону доруфурӯшон: аз вазъияти пешомада сӯйистифода накунед

Ба гуфти ӯ, ба ҳазорсолаи нав инсоният дар марҳилаи пуршиддат ва тезутундшавии масоили озуқаворӣ ворид гардид.

“Дар ояндаи на он қадар дур истеҳсол ва тиҷорати маҳсулоти озуқаворӣ ба аслиҳаи пурқудрати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаи муассири фишорҳои сиёсӣ байни давлатҳо табдил хоҳад ёфт”, - овардааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Латифзода.

Ӯ афзуд, чунин ҳолат эҳтимоли баланд шудани нархи аксари маҳсулоти ғизоӣ ва дар дурнамо ҳатто ба миён омадани маҳдудияти содироти онҳоро ба вуҷуд меорад.

“Аз ин хотир, заминаи ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ на танҳо таъмини рушди истеҳсолот, балки рушди инфрасохтори иҷтимоии деҳот: ташкили марказҳои фароғатӣ-фарҳангӣ, системаи обу ташноб ва хизматрасонии муосири коммуналӣ, дастгирии илми кишоварзӣ, тайёр кардан ва бозомӯзонии кадрҳои соҳа, идоракунӣ ва бозорёбӣ ва ғайраро бояд фаро гирад”, - изҳор дошт раиси ҲАТ.

Ӯ таъкид кард, ки бо ин мақсад  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ” аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия гардид.

Лентаи хабарҳо
0