12:37 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
233 0 0

Мирзоанвар Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз зуҳури муносибатҳои иҷоравии ғайрирасмӣ дар истифодаи замин дар солҳои охир интиқод кард

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Ахмедов зимни мизи мудаввар дар парлумон, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи сиёсати давлатии аграрӣ” баррасӣ мешуд, аз оқибати муносибатҳои иҷоравии ғайрирасмӣ ҳушдор дод.

“Солҳои охир дар соҳа муносибати иҷоравии ғайрирасмӣ ба миён омада, заминистифодабарандагони дуюм ва сеюмдараҷа сабаби зуд - зуд тағйирёбии нархҳо мегарданд. Ин ҳолат, ҳамчунин барои аз истифодаи кишоварзӣ берун мондани замин, бад гаштани ҳолати мелиоративии он ва истифодаи ғайриоқилонаи оби полезӣ боис гардид”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ахмедов.

Ӯ дар идома аз ислоҳоти замин зикр кард, ки дар заминаи он дар ҷумҳурӣ зиёда аз 180 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфтанд.

Вакил афзуд, ки ин раванд мушкилоти навро дар пешбурди соҳа ба миён овард.

“Тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи ҳосилнокии зироат ва маҳсулнокии чорво барои баланд бардоштани даромаднокӣ мусоидат намекунанд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо нархи паст харидорӣ шудани маҳсулоти соҳа, масалан пиёз аз 30 то 50 дирам, картошка 1,5 -1,8 сомонӣ ва  болоравии нархи хӯроки чорвою паранда дар бозорҳои дохилӣ масъалаҳое мебошанд, ки тадбирандешии бетаъхирро тақозо доранд”, - таъкид кард вакили парлумон.

Барчаспҳо:
иҷора, замин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ