08:57 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
256501

 Бонки миллии Тоҷикистон дар як шабонарӯзи ахир қурби расмии доллару рублро боло бурд. Як доллари амрикоӣ ҳамакнун ба 11 сомониву 30 дирам баробар шуд

ДУШАНБЕ, 4 ноя – Sputnik. Имрӯз дар бонкҳои Тоҷикистон як доллари амрикоӣ 11 сомониву 30 дирам ва як рубли русӣ ба 14, 25 дирам мубодила мешавад.

Рӯзи қабл, 3 ноябр, як доллар 10 сомониву 34 дирам ва як рубл 13, дирам мубодила мешуд.

Як манбаъ дар Бонки миллии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз муомилаҳо дар "бозори сиёҳ" ва ҷалби асъори хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар гирифта шуд.

Бино ба додаҳои гуногуни ғайрирасмӣ, рӯзҳои ахир дар "бозори сиёҳ" табодули асъори Тоҷикистон як доллар ба 11 сомониву 25 дирам ва як рубл ба 14,2 дирам мубодила мешуданд.

Арзиши доллар ва рубл нисбат ба сомонӣ- шарҳи Бонки миллӣ

Як далели болоравии қимати нарху навои маводи ниёзи мардум дар бозорҳои кишварро низ мақомоти расмӣ ба боло рафтани ин ду асъори хориҷии муассир дар иқтисодиёти Тоҷикистон арзёбӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар як иттилоия хабар дод, ки ин иқдом дар чаҳорчӯби тадобири муқобила бо таъсири пандемияи коронавирус ба иқтисодиёт, нисбатан муътадил нигоҳ доштани интизориҳои таваррумӣ дар дохили кишвар ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ барои нигоҳдории муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, ба танзим даровардани афзоиши ҳаҷми пул дар муомилот тавассути механизму фишангҳои монетарӣ гирифта мешавад.

"Яке аз сабабҳои асосии дар ин давра баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба он, ин идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва сармояи хориҷӣ ба кишвар ва вобаста ба ин кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ ба ҳисоб меравад", - омадааст дар иттилоия.

Ин манбаъ меафзояд, дар натиҷаи таъсири омилҳои беруна фарқияти байни қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тавассути анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршуда (2 фоиза) гузашта, то ба 9,3 фоиз зиёд гардид.

"Бо вуҷуди ин, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ вобаста ба хавфҳои ҷойдошта боз ҳам зиёд гардида истодааст, ки барои ба танзим даровардани он зарурати амалӣ намудани чораҳои иловагии фаврӣ ба миён омадааст", - омадааст дар иттилоия.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-октябри соли 2020 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 16,7 фоиз (аз 9,6910 сомонӣ дар аввали сол то 10,3398 сомонӣ дар санаи 30 октябр) коҳиш ёфта, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Барчаспҳо:
қурби асъор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ