21:11 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
147401

Бонки миллии Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки қурби расмии доллару рублро боло бурд. Як доллари амрикоӣ ҳамакнун ба 11 сомониву 30 дирам баробар шуд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Қурби доллар дар Тоҷикистон боз боло рафт. Дар ҳоли ҳозир, як доллари амрикоӣ ба 11 сомонӣ 30 дирам муомила мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон  далели болоравии қурби долларро ба манфӣ будани тавозуни савдо, камшудани интиқол пул аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ ва паҳншавии вируси корона дар саросари ҷаҳон медонанд.

Ин дар ҳолест, ки тавозуни савдои Тоҷикистон дар тӯли 25 соли ахир манфӣ буд ва давлати Тоҷикистон далели болоравии қурби долларро ба ин далел вобаста намедонист.

Боз норасоии доллар

Сарчашмаи асосии даромади Тоҷикистон ин интиқолҳои пули муҳоҷирон аст, ки аз 20 то 50 дарсади ММД кишварро ташкил медиҳад. Маҳз аз ҳамин ҳисоб  зиндагии ҳудуди 70 дарсади аҳолии ин кишвар таъмин мешавад. 

Ба гуфтаи коршиносон дар гузашта бо вуҷуди манфӣ будани тавозуни савдо аз сӯи муҳоҷирони меҳнатӣ асъори зарурӣ барои пардохти қарзҳои берунии Тоҷикистон ворид мешуд ва имкони хариду фурӯши доллар дар Тоҷикистон мушкил набуд.

Вале дар чанд соли ахир аз сӯи Бонки миллӣ нуқтаҳои хариду фуруши асъор баста шуд ва болоравии қимати доллар аз ҳамон замон шурӯъ шуд. Бонки миллӣ ин иқдоми худро гӯё ба хотири ҷилавгири аз бозори сиёҳ талақи карда буд. Вале қурби доллар ҳамарӯза боло мерафт ва ҳоло ҳам бозори сиёҳ вуҷуд дорад ва нархи доллар дар бозори сиёҳ ба гуфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон қобили контрол нест.

Дар ҳоли ҳозир, вазъи арзи хориҷӣ ба делели пандемияи вируси корона ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Басташудани марзҳои боиси афзоиши бекорӣ миёни муҳоҷирони корӣ шудааст. Аксари муҳоҷирони корӣ натавонистанд ба кишварҳои хориҷӣ ба хусус Русия барои кор сафар кунанд. Ҳамин тавр аксарияти мардум ахз даромади муҳоҷирони корӣ бенасиб шудааст ва мардум ба камбуди пул рӯ ба рӯ шуданд.

Бино бар иттилои Бонки ҷаҳонӣ дар оянда даромади арзи хориҷӣ ба Тоҷикистон 15 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки ин марбут мешавад ба камшудани теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон пешбини карда буд, ки қурби доллар то соли 2023 ба 11 сомониву 67 дирам баробар хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар бозори сиёҳ арзиши доллар аз 11 сомониву 67 дирам боло аст.

Ба гуфтаи коршиноси масоили иқтисодӣ Зулфиқори Исмоилён далели аслии  болорафтани қимати арз дар кишвар манфӣ будани тавозуни савдои хориҷӣ ва пардохти қарзҳои берунӣ аст, ки дар шароити кам шудани вориди арзи хориҷӣ аз сӯи муҳоҷирон ба Тоҷикистон ба мушкил рӯ ба рӯ шудааст.

“Барои мисол, Тоҷикистон дар як сол дар ҳудуди аз 600 то 800 миллион доллар даромади арзӣ дорад ва ҳудудан то 3 миллиард доллари амрикоӣ аз хориҷа мол ворид мекунад”, - таъкид дошт коршинос.

Далели аслии камбуди арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон надоштани корхонаҳои истеҳсолӣ ва арзаи ба бозорҳои хориҷӣ аст. Тоҷикистон роҳи дарёӣ надорад ва ба ин далел зарур аст, саноати дохилии худро дар бахшҳои энержӣ, тавлиди алюминиюм, маводи сохтмонӣ, аз ҷумла истеҳсоли симент, мармар ва ғайра, ки Тоҷикистон аз он ғанӣ аст ба роҳ монад.

Бемеранги арзӣ

Ҳамзамон, бархе аз коршиносон далели болоравии қурби доллар дар Тоҷикистонро ба маъракаи интихоботӣ дар Амрико рабт медиҳанд.

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба Амрико робитаи тиҷоратӣ надорад ва танҳо аз Амрико кумукҳои билоиваз дарёфт мекунад.

Вале ба гуфтаи бахши қобили мулоҳизаи коршиносон болоравии арзи хориҷӣ ба вазъияти Амрико ҳиҷ робитае надорад. Вобастагии поину болоравии арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама ба иқтисоди Русия ва Чин бастагӣ дорад.

Чунки ин кишвар бахши зиёди моли ниёзи мардумашро аз Русия ва Чин ворид мекунад.

Ҳамчунин дар ин лист Қазоқистону ва Ӯзбекистон низ мавқеъи худро низ доранд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон маводи сӯхт, маводи ғизоӣ, дастгоҳҳои санои бештар аз Русия ворид мекунад ва маводи ниёзи ҳаррузаи мардум бештар аз Чин вориди Тоҷикистон мешавад.  

Дар сурате, ки қурби рубли русӣ якбора поин равад дар Тоҷикистон ҳам ҳамин ҳолат мушоҳида хоҳад шуд, зеро иқтисоди ҷумҳурӣ ва қимати арзи хориҷӣ ба рубли русӣ вобастагии зиёд дорад.

Барои мисол нишондиҳандаи муҳими иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба маводи сӯхт аст, ки Тоҷикистон аз Русия ворид мекунад. Ҳамин, ки қимати сӯхт дар Тоҷҷикистон боло рафт ба таври автомати тамоми қимоти коло ва маводи ғизоӣ дар бозорҳои дохилии Тоҷикистон боло хоҳад рафт. Ин дар ҳолест, ки моҳонаи мардум дар пешин қарор мегирад ва мардум қобилияти харидории худро гум мекунад.

Ба гуфтаи коршинос Зулфиқори Исмоилён қимати доллар дар Тоҷикистон аз ин ба баъд низ боло хоҳад рафт дар сурате, ки таваррум дар Тоҷикистон низ баробари ҳамин қимати доллар боло мешавад.

 “Ин болоравӣ қимати коло дар ҳоли ҳозир дар бозҳорҳои дохилии Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад ва мардум аз камбуди ҳуқуқи моҳона ва нарасидани пул дар рӯзгор шикоят мекунанд”, - қайд кард коршинос.

Вай иилова кард, ки ҳоло як халта орди 50 килограми дар бозори Тоҷикистон ба 280 сомонӣ баробар шудааст, дар сурате, ки ҳуқуқи моҳонаи бахши аъзами мардуми Тоҷикистон аз 500 то 800 сомониро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
сабаб, болоравӣ, боло, қурб, Бонки миллӣ, доллар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ