23:20 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
395 0 0

Раиси вилояти Хатлон дар як мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид доштааст, ки бино бар сабаби паҳншавии вируси корона содироту воридоти мол дар вилояти Хатлон кам шудааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Ба гуфта Қурбон Ҳакимзода, касрати коронавирус гардиши савдои хориҷии вилоятро кам кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 31,7 миллион доллар коҳиш ёфта, 144 миллион долларро ташкил дод.

Вай афзудааст, ки содироту воридоти мол низ кам шуд.

“Аммо, бо вуҷуди ин, вилоят тавонист ба миқдори 81 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот кунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазор тонна зиёд мебошад. Ба хориҷи кишвар, асосан, нахи пахта, калобаи ресандагӣ, неруи барқ, семент, шираи камол, маҳсулоти кишоварзӣ бароварда, аз берун нуриҳои маъданӣ, маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, воситаҳои нақлиёт, доруворӣ ва шакар ворид шуданд”, - гуфт раиси вилояти Хатлон.

Инчунин номбурда зикр кардааст, ки дар маҷмӯъ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 186 миллион сомонӣ ва ё 5,2 дарсад зиёд мебошад.

Мақомоти вилояти Хатлон таъкид доштааст, ки дар баъзе соҳаҳои саноат иҷрои нақша аз 123 то 149 фоиз расид.

Дар нимсолаи аввал дар вилоят 46 корхона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 494 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, сохтмони 66-тои дигар идома дорад.

Барчаспҳо:
савдои хориҷӣ, коҳиш, доллар, миллион, воридот, содирот, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ