22:24 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
218 0 0

Ба соҳибкорон ва сармоягузорони Куриё имконоти сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" муаррифӣ шуд

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Сармоягузорону соҳибкорони ширкатҳои бонуфузи Куриё ба Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" омада бо роҳбарони он мулоқот карданд.

Дар ин мулоқот ширкатҳои куриёгӣ чун - Koshuma Gaia Energy Co., LTD, LTD Daebo Paint Co., LTD, Dreambios Co., LTD, Younglim Enterprise, Eco Withus Co., LTD, Indisair Co., LTD, G-Flatform Co., LTD таҳти роҳбарии раиси Ассотсиатсия "Koshuma" (Korean Smart Technology Association)  — Ҷаибок Сим ширкат кардаанд.

Чуноне АМИТ "Ховар" бо такя ба маъмурияти МОИ "Кӯлоб" хабар медиҳад, дар ин дидор оид ба имконоти сармоягузорӣ, логистикӣ ва афзалияти мавҷуда, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтор, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, самтҳои афзалиятнок дар ҳудуди минтақа ҷойдошта ва бартарияти фаъолият дар минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҷонибҳо инчунин вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, паркҳои технологӣ, истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ, қисмҳои эҳтиётии мошинҳо, коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасмандӣ зоҳир кардаанд.

Ҳамчунин, дар ин вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои бунёди корхона ва озмоишгоҳҳои муосир оид ба истеҳсоли моҳӣ ва хӯроки он, коркард ва содироти маҳсулоти моҳигӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бо истифода аз технологияҳои пешрафтаи Куриёро баррасӣ намудаанд.

Манбаъ афзуда, ки феълан беш аз 180 ширкати бонуфузи кореягии истеҳсолкунандаи технологияҳои муосир дар соҳаи сохтмон, саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ аъзои Ассотсиатсияи мазкур мебошанд.

Хатарнок аст: Раҳмон ва парлумон ҷои МОИ “Кӯлоб”-ро иваз карданд

Ёдрас мешавем, ки Ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон чанде пеш ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб”-ро ба далели хатари обхезӣ тағйир доданд.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, муайян гардид, ки баландшавии сатҳи дарёи Ёхсу ва обхезиҳои қаблан рӯйдода ба як қисми майдони минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад, ки дар оянда ба фаъолият ва рушди МОИ таъсири манфӣ мерасонад.

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз тағйири нақшаи МОИ “Кӯлоб” ҷонибдорӣ карда, қарор қабул шуд, ки аз ҳисоби заминҳои ҷамоати деҳоти “Зиракӣ” дар майдони 309,32 гектар замин ҷудо карда шавад. Ин майдони нав дар масофаи 1,3 километр болотар аз ҳудуди мавҷуда қарор дорад.

Барчаспҳо:
истеҳсолот, корхонаҳои саноатӣ, Куриё, Кӯлоб

Мавзӯъҳои асосӣ