20:42 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
705 0 0

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, хабар дод, ки Хадамоти гумрук нақшаи даромад ба буҷаро барзиёд иҷро намуд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Қаҳҳорзода мегӯяд, тайи 9 моҳи соли равон аз ҳисоби фаъолияти иқтисоди берунӣ тавассути Хадамоти гумрук ба буҷети давлатӣ 3,9 миллиард сомонӣ ворид гардид.

Тибқи иттилои нашрияи "Садои мардум", вазири молия зимни баррасии иҷрои буҷаи давлатӣ тайи нуҳмоҳаи соли равон дар парлумон изҳор дошт, ки даромад аз фаъолияти иқтисоди берунӣ тавассути Хадамоти гумрук 108,1 дарсади нақшаро ташкил дода, аз нақшаи пешбинишуда 289,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Қаҳҳорзода афзуд, ки дар 9 моҳи соли равон ба буҷети ҷумҳурӣ 7,5 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда 7,9 дарсад кам мебошад.

Дар 9 моҳи сипаришуда нақшаи даромад аз рӯи нуҳ сарчашма ба маблағи 675 миллион сомонӣ таъмин нагардид, таъкид кард вазир.

Иҷрои нақша аз сӯи Хадамоти гумрук дар шароити пандемия дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фасодкорӣ дар ин ниҳод танқид карда, барои ислоҳи вазъ дастур дода буд.

Барчаспҳо:
иқтисод, гумрук, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ