Суғд: нархи ангишт боло рафт

© © Sputnik / Амир ИсаевУгольное месторождение в Зиддах, архивное фото
Угольное месторождение в Зиддах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо наздик шудани фасли зимистон қимати ангишт, аз умдатарин маводи сӯхт дар навоҳии Суғд боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Як ҳафта ба ин тараф арзиши ангишт дар шаҳру навоҳии шимоли кишвар то 20 дарсад боло рафтааст. Сокинон мегӯянд, гарон шудани нархи маводи сӯхт дар баробари дигар маводи ниёзи рӯзгор ба ҷайби онҳо таъсир мерасонад.

Шокир, як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нархи ангишт то 20 % боло рафта, ба 1, 7 сомонӣ баробар шудааст.

“Барои омодагӣ ба фасли зимистон 200 кило ангиштро ба маблағи 340 сомонӣ харидорӣ кардем. Чизе, ки ду ҳафта пеш 1, 4 сомонӣ қимат дошт. Фурӯшандаҳо мегуянд, ки ба онҳо ҳам бо нархи баланд дастрас карда мешавад”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аз шуъбаи саноати ҳукумати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳудуди вилоят шаш корхонаи истихроҷи ангишт фаъол буда, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ ин коргоҳҳо ба андозаи 1 миллиону 540 ҳазор тон ангишт истеҳсол кардаанд. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта  (1565, 1) ҳудуди 25 ҳазор тон кам гуфта мешавад.

Таджикская птицефабрика в Согде  - Sputnik Тоҷикистон
“Тухм диҳед”: тоҷирони ҳамсоя аз Тоҷикистон тухми мурғ мепурсанд

 “Дар ин давра ҶСК “Ангишти шаҳри Исфара” 61 ҳазору 465 тон,  шахтаи “Фон Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ 749 ҳазор тон, ҶДММ “Комбинати металургии тоҷик” дар ноҳияи Айнӣ 354 ҳазору 293 тон, ҶДММ “Талко Ресурс” 365 ҳазору 251 ҳазор тон, ҶДММ “Диёри ангишти Тоҷикистон” дар шаҳри Панҷакент 170 тон ва  ҶДММ “Қудрат 2010” дар ноҳияи Кӯҳистони  Масчоҳ  9 ҳазору 590 тон ангишт истихроҷ кардаанд”,-иттилоъ доданд аз шуъбаи саноат.  

Бузургтарин корхонаи истихроҷи ангишт, дар ин миён шахтаи “Фон Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад.

Беш аз 100  милион сомонӣ қарзи “Барқи Тоҷик” аз “Фон Яғноб”

Фирӯзбек Сайфуллоев, директори Корхонаи шахтаи “Фон Яғноб” дар ноҳияи Айнӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон  гуфт ҳарчанд кори онҳо тибқи нақша пеш бурда мешавад, аммо ҳаҷми истироҷи ангишт дар коргоҳи онҳо назар ба ин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Сахар песок - Sputnik Тоҷикистон
Шакар – 7 сомонӣ: Комиссияи махсус ташкил шуд ва нархҳоро поин овард

“Ҳаҷми истихроҷ тибқи нақшаи 9-моҳа иҷро шуд, лекин назар ба ин давраи соли гузашта камшавии рақамҳо дида мешавад. Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани истихроҷи ангишт аз саривақт пардохт нашудани маблағҳои гардони корхона аз ҷониби МБГ-2 и (маркази барқу гармидиҳии) ширкати “Барқи Тоҷик” дар  шаҳри Душанбе аст. То ин муддат 1 миллиону 300 ҳазор тон ангиш интиқол дода шудааст, аммо аз ҷониби МБГ-2 и “Барқи Тоҷик”, то ҳол 135 миллион сомонӣ пардохт нашудааст”, - иброз намуд директори “Фон Яғноб”.

Фирӯзбек Сайфуллоев мегӯяд, арзиши ангишт тағйир наёфтааст, балки он тибқи тасдиқномаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки қимати ангишт барои баҳору зимистони соли ҷорӣ баробар аст, ба роҳ монда шудааст.

Бино ба гуфти директори “Фон Яғноб”,  ҳоло  1 тон хокаи ангишт бо нархи 295 сомонӣ ва 1 тон ангишти махсус бо маблағи 345 сомонӣ пешниҳод мешавад.

Аммо онҳое, ки ба харидуфурӯши ангишт сару кор доранд, иброз мекунанд, ки бо коҳиш ёфтани ҳаҷми истихроҷ ва зиёд шудани талабот ба ангишт дар кишвар қимати он ҳамасола баланд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0