19:52 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
288 0 0

Дар вилояти Хатлон давоми даҳ моҳи соли равон 10 шаҳру ноҳия аз иҷрои пурраи нақшаи қисми даромади буҷет набаромаданд

ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи андози кишвар, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Хуросон, Қубодиён, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Панҷ, Шаҳритуз, Левакант ва шаҳри Норак дар даҳ моҳи соли ҷорӣ натавонистанд, ки нақшаи андозҳоро пурра иҷро кунанд.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Носири Хусрав, Кӯлоб, Муъминобод, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Темурмалик, Ховалинг, Шоҳин ва Балҷувон дар ин давра аз 100 то 109 дарсади қисми даромади буҷетро иҷро карданд.

Манбаъ зикр кардааст, ки ба замми иҷро нашудани даромади буҷет дар ин шаҳру ноҳияҳо  қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 100,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 236 миллиону 635,5 ҳазор сомонӣ 1 миллираду 246 миллиону 392,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин аз нақша 9 миллиону 757,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар Раёсати андози вилояти Хатлон қайд карданд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон бақияи қарзи андоз беш аз  191 миллиону 845 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
қарз, Хатлон, ҷамъоварӣ, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ