08:01 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
149 0 0

Машраб Файзуллоев, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия аз афзоиши савдои хориҷии кишвар дар 9 моҳи аввали соли равон хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Файзуллоев, зимни як ҷаласа дар парлумон гуфт, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар 9 моҳи соли равон ба 3 миллиарду 420,3 миллион доллари амрикоӣ баробар гардидааст.

Ба гуфтаи Файзуллоев, ҳаҷми савдои хориҷӣ нисбат ба давраи қиёсшавандаи соли гузашта 261,1 миллион доллари амрикоӣ ё худ 8,3 фоиз зиёд мебошад, навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум”.

Қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, гуфт, тайи 9 моҳи соли равон аз ҳисоби фаъолияти иқтисоди берунӣ тавассути Хадамоти гумрук ба буҷети давлатӣ 3,9 миллиард сомонӣ ворид гардид.

Даромад аз фаъолияти иқтисоди берунӣ тавассути Хадамоти гумрук 108,1 дарсади нақшаро ташкил дода, аз нақшаи пешбинишуда 289,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақша аз сӯи Хадамоти гумрук дар шароити пандемия дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз фасодкорӣ дар ин ниҳод танқид карда, барои ислоҳи вазъ дастур дода буд.

Барчаспҳо:
хориҷӣ, савдо, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ