19:38 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон қисми даромади буҷети ноҳия дар даҳ моҳи соли равон 126,3 дарсад иҷро гардида, ба буҷет 2 миллиону 130,2 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид карда шудааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Раёсати андози вилояти Хатлон, қисми даромади буҷети ноҳияи Балҷувон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 8 миллиону 90,8 ҳазор ба нақша гирифта шуда буд, ки он 10 миллиону 221 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Фараж”.

Гуфта шудааст, ки нисбат ба маблағҳои ба нақша гирифташуда ба буҷети ноҳия 2 миллиону 130,2 ҳазор сомонӣ бештар ворид гардидааст, ки ин баробари 126,3 дарсади нақша мебошад.

Инчунин қайд карда шудааст, ки қисми даромади буҷет аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон дар ноҳияҳои  Темурмалик 131,1, Ҷалолиддини Балхӣ 109,2, Ҳамадонӣ 109,4,  Носири Хусрав 108,1 Данғара 107,3  Ховалинг 107,7 ва Муъминобод 106 дарсадӣ иҷро шудааст.

Дар умум қисми даромади буҷети вилояти Хатлон дар ин давра 100,8 дарсад таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 1 миллиарду 236 миллиону 635,5 ҳазор сомонӣ, 1 миллираду 246 миллиону 392,7 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин аз нақша 9 миллиону 757,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Барчаспҳо:
Балҷувон, ноҳия, буҷа, даромад, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ