21:29 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
442 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарорҳои Ҳукумат дар раёсати бонки навтаъсиси давлатӣ “Саноатсодиротбонк” тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik.  Бо қарори Ҳукумат, Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якуми раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” таъйин гардид.

Бар асоси қарори дигар, Муҳиддинзода Шуҳрат Фаридун мақомои муовини раиси “Саноатсодиротбонк” гирифт.

“Саноатсодиротбонк” бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон тобистони соли равон дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис дода шуд.

Раисиҷумҳур Бобозода Ҳокимшо Ҷурахонро раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии ҷумҳурӣ “Саноатсодиротбонк” таъйин карда буд. Бобозода қаблан Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Бар асоси оиннома, дафтари марказии бонки ҷадид дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 ҷойгир буда, дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндагӣ дорад.

Таъсиси бонк дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон ба Ҳукумат дастур дод, ки “барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад”.

Барчаспҳо:
Ҳукумат, бонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ