20:32 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.54
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
295 0 0

Додгоҳи шаҳри Братск шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон ва Русияро барои қочоқи чӯб ба маблағи беш аз 100 миллион рубл ба 5 соли зиндон маҳкум кард

ДУШАНБЕ, 20 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи шаҳри Братск, муттаҳам дар қочоқи чӯб дар ҳаҷми махсусан калон бо мақсади фурӯш гунаҳкор дониста шуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки марди 34-сола ба ҳайати гуруҳи муташаккили ҷиноӣ шомил будааст, ки ба гирифтани даромади ғайриқонунӣ машғул будааст.

Манбаъ афзуд, ҳар бори қочоқи чӯб, бастаи ҳуҷҷатҳое ба мақомоти гумрук пешниҳод мешудаанд, ки дорои маълумоти бардурӯғ, аз ҷумла дар бораи манбаи пайдоиши чӯб будаанд.

Дар маҷмуъ ҳаҷми чӯби қочоқӣ беш аз 100 миллион рубл арзёбӣ мешавад.

Додгоҳ муттаҳамро ба муҳлати 5 сол аз озодӣ ва 1,5 сол аз ҳаққи машғул шудан ба додугирифти чӯб маҳрум карда, ба андозаи 400 ҳазор рубл ҷарима бастааст.

Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб

Дар иттилоияи нашркардаи додгоҳ таъкид шудааст, ки ҳамчун ҳолатҳои сабуккунанда иқрори гуноҳ, пушаймонӣ, мусоидат барои кушодани ҷиноят ва муайян кардани иштирокдорони дигар, фарзандони хурдсол ва вазъи саломатӣ ба назар гирифта шудааст.

Назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш феълан дар бораи ин қазия ва ҳукм маълум нест.

Барчаспҳо:
мухаддир, қочоқ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ