16:22 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
234 0 0

Тибқи қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома ба “Спитамен Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол дода шуд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раёсати Бонки милии Тоҷикистон ба ширкати “Спитамен Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома додааст.

Дафтари матбуоти Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон қарори навбатиро санаи 19 ноябри соли равон, ба тасвиб расонд.

“Иҷозатнома мутобиқи моддаҳои 4 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт”, моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 54 Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, ба имзо расидааст”, таъкид доштааст Бонки миллӣ.  

Гуфта шудааст, ки дар асоси ин қарор ба Ҷамъияти суғуртавии дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен Суғурта” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои муайян ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Ҳамзамон Раёсати Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор намудааст, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта сабти дахлдорро ворид намоянд.

Барчаспҳо:
фаъолият, Спитамен, иҷозатнома, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ