16:07 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
333 0 0

Фоизи қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2021 беш аз 861 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки бояд пардохт карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik.  Бар асоси қонуни буҷа барои соли 2021, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта имзо кард, дар маҷмуъ соли оянда барои пардохти қарзи хориҷии кишвар 2,3 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни баррасии буҷа дар парлумон гуфта буд, ки дар маҷмуъ барои пардохти қарзи хориҷӣ дар соли оянда 2,3 миллиард сомонӣ равона хоҳад шуд.

Аз 1 январ: афзоиши ҷарима, боҷ ва кумакпулӣ дар Тоҷикистон

"Дар лоиҳа барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 1 миллиард сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад", - хабар додааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири молия.

Манбаъ афзуд, ки барои хизматрасонии қарзи дохилии давлатӣ 498,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Барчаспҳо:
буҷа, қарз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ