15:39 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1184 0 0

Давлати Тоҷикистон ният дорад, барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" боз ҳудуди 340 миллион евро қарз бигирад

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни баррасии барномаи қарзгирии кишвар барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 аз нақшаи қарзгирӣ барои сохтмони НБО "Роғун" гуфт.

Ба гуфтаи вазир, феълан 8 созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд, ки калонтаринашон қарз  барои сохтмони  НБО "Роғун" мебошад.

Ӯ тавзеҳ дод, ки барои сохтмони НБО "Роғун"  гирифтани 340 миллион евро дар назар аст. Дар мавриди қарздиҳандагон Қаҳҳорзода илова намуд, ки тибқи нақша бояд аз бонкҳои аврупоӣ - Credit Suisse ва Landesbank Baden — Wiirttember гирифта шавад.

Дар маҷмуъ ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", вазир таъкид намуд, ки барномаи нави қарзгирӣ барои соли 2021 ва дурнамо барои солҳои 2022-2023 ҳудуди 59 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 8 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, моҳи октябри соли равон дар мулоқот бо сохтмончиёни "Роғун" гуфт,  аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти нерӯгоҳи "Роғун", яъне аз соли 2008 то ба ҳол ба ин иншоот 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Барчаспҳо:
қарз, сохтмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ