19:04 18 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
94501

Ҳоким Холиқзода, раиси навтаъйини Бонки миллии Тоҷикистон, дар парлумон сабабҳои болоравии қурби доллар дар кишварро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Холиқзода зимни баррасии сиёсати пулию қарзии кишвар дар ҷаласаи ахири парлумон изҳор дошт, ки аз сабабҳои асосии баланд шудани қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар ҷумҳурӣ, ин зиёд шудани талабот ба он, идома ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар ва коҳишёбии вуруди пул ва сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ мебошад.

Ӯ афзуд, ки дар натиҷа пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ кам шуда буд.

“Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва аз байн бурдани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилии асъор, ду маротиба тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро амалӣ гардонид, бори аввал 20 марти соли 2020 то 5,0 фоиз ва бори дуюм 4 ноябри соли 2020 то 9,3 фоиз”, - навишт нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Холиқзода.

Раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон шарҳ додааст, ки тасҳеҳи мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағ тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати интиқолдиҳандагони маблағ аз хориҷи кишвар ҳимоя гардад. Ӯ инчунин муътақид аст, ки дар пайи ин иқдом шаффофияти амалиёт таъмин шуда, фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд мегардад.

Барчаспҳо:
қурб, доллар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ