21:00 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
412 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар тарабхонаи “Форел” шинос шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, тарабхонаи “Форел” дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Таъкид шудааст, ки ҳадафи сохтмон ҷалби сайёҳон, бахусус ҷаҳонгардони хориҷӣ буда, дар атрофи тарабхона ташкили мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ илова намуд, ки тарабхона аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, масоҳати он  960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Ба раиси вилоят иттилоъ дода шудаст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир то 30 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳо, истифодаи масолеҳи баландсифат, ороиши бино бо истифода аз унсурҳои миллӣ супоришҳо дод.

Қаблан шаҳрдори Хуҷанд бо сохтмони ин тарабхона шинос шуд. Он вақт хабар доданд, ки тарабхона то ҷашни Наврӯз ба истифода дода хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
Суғд, шумораи ками тарабхона, сохтмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ