Тақвияти ҳамкории мутақобили Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр экономики Таджикистана Завки Завкизода
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз тақвияти ҳамкориҳои мутақобили ин кишвар ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо хабар дод

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Завқӣ Завқизода дар дидори ахири худ бо Волрео Капур сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ин кишвар гуфт, мутобиқи фармониҳои раисҷумҳури Тоҷикистон иқдомоте дар заминаи тиҷорат анҷом шуда, ки эҷоди комитети ҳамоҳангии тасҳили тиҷорат ва тадвини нақшаи роҳи муносиб, роҳандозии портали тиҷорӣ ва тасвиби консепсияи иқтисоди рақамӣ дар ин кишвар, аз ҷумлаи он аст.

Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон
Завқизода: сатҳи камбизоатӣ дар 20-сол аз 83 дарсад то ба 26 дарсад коҳиш ёфт

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Завқӣ Завқизода дар идома аз Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои ҳимоят аз тавсеаи иқтисодӣ ва рафъи таъсири манфии бемории ҳамагири вирису корона ибрози ташаккур кард. 

Ҳамкориҳо густариш меёбанд: САҲА аз Тоҷикистон изҳори сипос кард

Сафири Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ аз ҳамкорӣ бо тарафи тоҷик қадрдонӣ ва барои густариши равобити дуҷониба ибрози омодагӣ кард. 

Лентаи хабарҳо
0