16:01 16 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
27610

Раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрону Иморот аз рушди 30 дарсадии содироти Эрон ба кишвари Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 16 дек – Sputnik. Фаршеди Фарзон, раиси Утоқи муштараки бозаргонии Эрон ва Иморот бо интишори паёме дар сафҳаи твиттерии худ тиҷорати Эрон бо 20 кишварро дар 8 моҳи нахусти соли 1399 хуршедӣ бо муддати мушобеҳи соли 1398 муқоиса кард, иттилоъ додааст  радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон бо вазири энергетика чӣ масъаларо баррасӣ кард

Тавре Фаршеди Фарзон таъкид доштааст, дар 8 моҳи нахусти имсол зиёдтарин мизони афзоиш дар содироти Эрон марбут ба содирот ба Тоҷикистон будааст, ки 30 дарсад рушд доштааст.

Зиёдтарин коҳиш низ бо 80 дарсад дар содироти Эрон ба Гурҷистон рух додааст.

Эрон эълон кард омодааст дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад

Бо вуҷуди таҳримҳои шадиду золимона алайҳи Эрон, ин кишвар дар соли 2019 танҳо ба ҳамсоягони худ ба арзиши 25 миллиард доллар коло содир кардааст.

Барчаспҳо:
афзоиш, содирот, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ