20:56 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
703 0 0

Ҳаҷми бақияи қарзи андоз дар вилояти Суғд ба ҳолати моҳи декабр ба 131, 9 миллион сомонӣ баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Бино ба иттилои Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ қарзи андоз ба андозаи 26,6 милион афзуда ва ҳоло ҷамъи бақияи қарзи андоз ба 131, 9 миллион сомонӣ расидааст.

Мавзӯъи афзоиши бақияи қарзи андоз, ахиран дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуратураи вилояти Суғд бо иштироки масъулин мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Абдуқаюм Воҳидов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд бо ироаи рақамҳои оморӣ яке аз сабабҳои афзоиши бақияи қарзи андозро аз коҳишёбии ҳаҷми истеҳсолот дар замони хуруҷи бемории “вируси корона” шарҳ дод.

Ӯ гуфт, пандемияи COVID-19 ба фаъолияти густурдаи аксар корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳру навоҳӣ таъсир гузошт ва корхонаҳо маблағи қарзи андозро пардохт карда натавонистаанд.

“Шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 15,7 миллион сомонӣ, Ҷ. Расулов 8 миллион сомонӣ, Айнӣ 3,5 миллион сомонӣ, Б. Ғафуров 1,9 миллион сомонӣ, Конибодом 1,7 миллион сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 1,1 миллион сомонӣ ба буҷа маблағро кам ворид намудаанд”,-иброз намуд Воҳидов.

Муҷозоти беш аз ҳазор корманди Кумитаи андоз: 357 нафарашон мақомдор будаанд

Адами хуруҷи бемории каронавирус давоми 11 моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз дар вилояти Суғд ба андозаи 94,7% таъмин гардида, дар ин давра 2 миллиарду 551,3 миллион сомонӣ ба буҷет ворид карда шудаст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишавандаи нақшавӣ 143,1 миллион сомонӣ кам аст.

Кормандони идораи андози Суғд дар ин давра дар пайи татбиқи 2989 қарори идоравӣ 73,2 миллион сомонӣ қарзи бақияи андозро рӯёнидаанд.

Баъзе аз масъулин бақияи қарзи андозиро яке аз сарчашмаҳои захиравии даромади буҷа меҳисобанд, ки бо мурури вақт пардохт карда мешавад.

Дар бораи қарзи андозӣ дар вилоят ҳамзамон дар як ҷаласаи ахир муовини раиси Кумитаи андози кишвар, Бахтиёр Султон таъкид намудааст, ки таҳлили маълумот шаҳодат медиҳад, ки аз тарафи раёсати андози вилоят ва мақомоти ҳудудии он ҷиҳати пешгирии роҳҳои зиёдшавии бақияи қарз ва кам намудани шумораи андозсупорандагони қарздор тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои зурурӣ андешида нашудааст.

Гилаи раиси Кумитаи андоз аз зиёд нашудани маош ва ҷойҳои корӣ

Бодарназардошти қарзҳои ҷойдошта, роҳбарияти Раёсати андоз дар вилояти Суғд, сардорон ва кормандони шуъбаҳои он ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиву норасоиҳои ҷойдошта муваззаф шудаанд.

Барчаспҳо:
кумитаи андоз, қарз, андоз, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ