19:09 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1119 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тиқи нишондоди имрӯза арзиши асъори хориҷӣ аз ҷумла рубл нисбат ба ҳафтаи гузашта беш аз 4 сомонӣ коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1495 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ низ пас аз якбора боло рафтан чанд муддат аст, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7758 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1495 то 0.1530 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1505 то 0,1520 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1505 то 0.1520 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1490 то 0,1535 сомонӣ нишон дода шудааст.

Иқтисоддонҳо гуфтан, кадом асъор нисбат ба доллар фоидаовартар аст

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

 

Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ