Ҳисоботи мақомоти Суғд ба муовини сарвазир: гуфтанд чаро иқтисоди вилоят рушд накард

© Фото : Центр Льва ГумилёваПервый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид
Первый вице-премьер Таджикистана Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ахиран бо иштироки муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд машварати корӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд,  муовини якуми сарвазири ва Раиси вилоят ба мақомдорони вилоят доир, масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ, алалхусус таъмини босифати нақшаи буҷети давлатӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, оқилона ва пурсамар истифода намудани заминҳои кишт дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тибқи иттилои мақомоти вилоят дар 11 моҳи соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2220,98 миллион сомонӣ тасдиқ гардида, ба буҷет 2126,9 миллион сомонӣ ворид гардид.

Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи бекорон дар Тоҷикистон муайян шуд

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар 11 моҳи соли равон дар вилояти Суғд  ҳаҷми умумии гардиши савдо 9717,3 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 2977,7 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 82,6 ва 87,7 фоиз таъмин гардид.

Ҳамчунин мақомоти вилоят қайд кардааст, ки бо сабаби пандемия гардидани бемории сироятии COVID-19 ва ба тамоми ҷаҳон паҳн гаштани он нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ коҳиш ёфтанд.

“Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар 11 моҳи соли равон ба 1487,6 миллион доллар расонида шуд, ки баробари 80,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аз ҷумла, воридот 1185 миллион доллар ва содирот 302,5 миллион долларро ташкил намуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда мутаносибан 73,9 ва 82,8 фоизро дар бар гирифт”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Ҳамзамон, дар навбати худ зимни ин ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар оид ба ҷараёни зимистонгузаронӣ дар шаҳру навоҳии вилоят гузориш дода, зикр дошт, ки барои ташкили корҳои ташвиқотию тарғиботӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдори вилоятӣ, мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва фаъолони вилоят тадбирҳои судманд амалӣ шуда истодаанд.

Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нақша иҷро нашуд: Кумитаи андоз калонтарин "андозгурезон"-ро гуфт

Гуфта шудааст, ки ба ин гурӯҳҳои корӣ кормандони соҳаи идеологӣ, занон, ҷавонон, маориф, нигоҳдории тандурустӣ, бахши дин, шабакаҳои барқӣ, назорат дар соҳаи энергетика, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону зиёиён ва шахсони барӯманду фаъолони маҳаллаҳо шомил карда шудаанд.

Дар идомаи кори ҷаласа муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз масъулин ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба вазъи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии  Тоҷикистон пурсон шуда, таъкид дошт, ки бояд ба сифати сохтмони иншооти ҷашнӣ эътибори зарурӣ дода шавад.

Таъкид шудааст, ки тибқи нақша, дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, соли 2020 бунёди 1895 иншоот ба нақша гирифта, амалан то ин давра 1897 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки 100,1 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра 5915 иншооти гуногун ба истифода дода шудаанд, ки 82,2 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0