03:32 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
110 0 0

Тибқи баҳогузории бисёри таҳлилгарон, оқибатҳои коронавирус барои Тоҷикистон вазнин хоҳанд буд, зеро Бонки Миллӣ захираҳои кофӣ барои дастгирии иқтисоди кишвар дар давраи бӯҳронро нахоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Дар пайи пандемияи коронавирус, иқтисоди Тоҷикистон дар вазъияти душвор қарор гирифта, ба мушкилоти зиёде дучор омад.

Бастани марзҳо аллакай боиси болоравии нархи хӯрокворӣ ва молҳои аввалияи саноатӣ гардид. Инчунин бинобар ҷорӣ шудани чораҳои карантинӣ дар кишварҳое, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар он қарор доранд, интиқоли маблағҳо низ коҳиш ёфт.

Тибқи баҳогузории таҳлилгарон, оқибатҳои коронавирус барои Тоҷикистон вазнин хоҳанд буд, зеро Бонки Миллӣ захираҳои кофӣ барои дастгирии иқтисоди кишвар дар давраи бӯҳронро нахоҳад дошт.

Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ мекунад, ки пандемияи COVID-19 суръати рушди ММД Тоҷикистон дар солҳои 2020 ва 2021-ро заиф мекунад. Иқтисоди ҷумҳурӣ асосан ба се рукн - кишоварзӣ, интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ва саноат (асосан ба содироти алюминий) асос ёфтааст. Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, муайян кунад, ки чӣ гуна пандемия ба рушди бахшҳои асосӣ таъсир гузоштааст.

Аз бӯҳрон то рушд

Комплекси агросаноатӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он ҳамзамон манбаи асосии таъминоти озуқавории сокинон, таъминкунандаи ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ ва ҷои шуғли аҳолии қобили меҳнат мебошад.

Вазорати кишоварзӣ таъкид мекунад, ки рушди соҳа пеш аз ҳама ба беҳтар шудани вазъи иқтисодии навоҳӣ мусоидат мекунад. Дар солҳои шӯравӣ, кишоварзӣ таҳти танзими қатъии давлатӣ қарор дошт, ки он дар банақшагирии васеъ ифода ёфта буд, изҳор дошт иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон беш аз 5000 ҷойи кории холӣ муҳайё кардааст

"Дар Тоҷикистон, дар тӯли 30 соли охири мавҷудияти ҳокимияти шӯравӣ анъанаи кишти сартосарии пахта мустаҳкам гардид. Ин маънои онро дошт, ки дар сиёсати кишоварзии Иттиҳоди шӯравӣ таваҷҷӯҳи асосӣ дар ҷумҳурӣ ба афзоиши истеҳсоли пахта дода мешуд", - гуфт ӯ.

Тибқи гуфтаи иқтисодшинос, бахши кишоварзии ҶШС Тоҷикистон дар доираи тақсимоти ба ном иттифоқии меҳнат, нақши таъминкунандаи нах барои саноати пахтаи Иттиҳодро ба ӯҳда дошт. Раванди инерсионии кишти пахта дар Тоҷикистон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ - то миёнаи солҳои навадум идома ёфт. Аммо, бинобар якбора коҳиш ёфтани даромади аҳолӣ ва тақрибан пурра қатъ шудани фармоиш барои нахи пахта аз кишварҳои узви ИДМ, инчунин бад шудани вазъи таъминоти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ, тамоюлҳои комилан муқобил сар шуданд. Сухан дар бораи афзоиши ҳиссаи ғалладонагиҳо дар таркиби майдонҳои кишт ва кам шудани ҳаҷми пахта меравад, тавзеҳ дод Ҳоҷимуҳаммад Умаров.

Куриё дар МОК - и "Кӯлоб" корхонаҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ месозад

Вазорати кишоварзӣ эътироф мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ, маҷмааи агросаноатии Тоҷикистон ба вазъияти душвор дучор шуд, сатҳи зиндагии аҳолӣ хеле паст буд ва таъминоти сокинон бо озуқаворӣ тақрибан ғайриимкон гашт. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки панҷ тӯл кашид, қисми зиёди моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла кишоварзиро хароб кард.

Саноат тадриҷан пас аз хатми давраи даҳшатбори хунрезӣ ва барқарории тартибот барқарор шудан гирифт. Дар тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ ислоҳоти замин, таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ, барномаҳои давлатии рушди зироаткорӣ, чорводорӣ ва тухмипарварӣ қабул карда шуданд. Ба туфайли тадбирҳои андешида ва дастгирии молиявии ҳукумат афзоиши умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда шуд. Ҳамин тавр, дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба соли 1997 тақрибан 9 маротиба афзудааст.

Норозигии Аҳмадзода аз масъулин Суғд: сабаби барҳамхӯрии корхонаҳои саноатӣ дар чист?

Инчунин кишоварзӣ дар сохтори ММД-и Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол намуда, тақрибан 19%-и онро ташкил медиҳад. Ин соҳа инчунин 66% шуғли аҳолӣ ва тақрибан сеяки содироти ҷумҳуриро таъмин менамояд.

Воқеияти коронавирусӣ

Соли 2020 иқтисоди Тоҷикистон бо вабои нав - коронавирус рӯ ба рӯ шуд. Бо сабаби пандемия, мақомоти ҷумҳурӣ самтҳоро бозбинӣ карда, содироти бархе маҳсулотро мамнӯъ карданд. Ин тадбир асосан ба орд, арзан, биринҷ, наск, нахӯд, тухм, картошка ва гӯшт дахл дорад.

Инчунин Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва Вазорати кишоварзӣ супориш дод, ки истеҳсолу омодасозии маҳсулоти ниёзи аввалро афзоиш диҳанду кишти зироатҳоро зиёд кунанд. Ин усули кор натиҷаҳои мусбат дод, бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон на танҳо тавонистааст ба зарбаи ин беморӣ тоб орад, балки тавонистааст ба истилоҳ "пар кушояд".

Ҳамин тавр, дар даҳ моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти агросаноатӣ аз 2,4 миллиард доллар гузашт. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ҳудуди 7,5% зиёдтар шуд.

Хол Ҳайдар, муовини нави раиси Суғд ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ вилоят чӣ гуфт?

Суръати афзоиши истеҳсолот дар соҳаҳои зироаткорӣ ва чорводорӣ мутаносибан 7% ва 9,2% -ро ташкил дод. Дар моҳҳои январ-октябри соли равон дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёда аз 1,4 миллион тонна ғалладона, аз ҷумла зиёда аз 846,1 ҳазор тонна гандум, 897 ҳазор тонна картошка, 351,4 ҳазор пахта ва дигар намудҳои маҳсулот ба даст оварда шудааст.  

Аммо, сарфи назар аз чунин нишондодҳои баланд, коршиносони USAID таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон аз норасоии ғизо ранҷ мекашад. Ва гарчанде ки беш аз 53% аҳолии қобили меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд ва чоряки ММД-и кишвар аз ин соҳа ташаккул меёбад, танҳо 7%-и замини ҷумҳурӣ обёрӣ карда мешавад. Коршиносони маҷаллаи бритониёии The Economist  низ бо ҳамкасбони амрикоии худ розӣ ҳастанд. Дар Шохиси  ҷаҳонии амнияти озуқаворӣ, аз рӯи натиҷаҳои соли 2019, Тоҷикистон дар байни 113 кишвар, дар ҷои 93-ум, дар паҳлӯи Лаос ва Нигерия қарор дорад.

Гази табии Ӯзбекистон баъди 10 сол ба Суғд расид: масъулин гуфтанд, аввал ба кӣ медиҳанд

Аммо гап на танҳо дар камбуди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Аҳолии Тоҷикистон ғизои кофӣ истеъмол намекунад, зеро нархҳо дар бозорҳо боло рафта истодаанд. Ва пандемияи коронавирус ба ин тамоюл такони нав бахшид.

Ин вазъият на танҳо хоси Тоҷикистон аст - пандемия ба ҳамён ва арзиши аслии маҳсулот дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон таъсир кард. Ин равандро пеш аз ҳама ба бастани марзҳо, маҳдудият дар интиқол ва дигаршавии тартиби муқарраргардидаи воридот ва содирот вобаста аст.

Тибқи ҳисоби таҳлилгарон, дар нимсолаи аввали соли 2020 савдо тақрибан нисф, ба андозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ (дар соли 2019 ҳиссаи озуқаворӣ 47,7% ҳаҷми муомилоти чакана буд) коҳиш ёфтааст.  Ҳоло вазъ тадриҷан беҳтар шуда истодааст, аммо ин хеле суст сурат мегирад ва дигар вазъро ислоҳ нахоҳад кард.

Тибқи маълумоти мутахассисони Бонки авруосиёии рушд -  БАОР, дар охири соли 2020 таваррум дар Тоҷикистон 6,6%-ро ташкил дод. Набудани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирон боз ҳам дардноктар аст, чун қобилияти харидории аҳолӣ дар кишвар коҳиш ёфт ва нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт.

Нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея фаъол шуд

Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ мегӯяд, 47%-и тоҷикистониён дар як рӯз бо харҷи камтар аз 1,33 доллар зиндагӣ мекунанд ва тақрибан 30%-и сокинон мунтазам аз норасоии ғизо азият мекашанд.

Масалан, як халтаи орди 50 килоӣ ҳадди ақал 250-260 сомонӣ арзиш дорад. Шумо метавонед як кило картошкаро 5 сомонӣ ёбед, аммо сифати он бад хоҳад буд, барои онҳое, ки лазизтар мехоҳанд, сабзавот 15 сомонӣ арзиш доранд. Бо чунин  нархҳо бисёри оилаҳо маҷбуранд, ки бо музди меҳнати худ танҳо моли ниёзи аввал ва он ҳам на ҳамеша дорои сифати хубро мехаранд.

Мушкилоти амнияти озуқавориро солҳои зиёд сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов меомӯзад. Ба гуфтаи ӯ, набудани манбаъҳои қарзӣ, болоравии нархи мавод ва нуриҳо, маблағи андоз, инчунин таварруми умумӣ касби кишоварзиро зиёновар кард, ки ин муҳоҷирати оммавӣ ба кишварҳои дигарро ба вуҷуд овард ва боиси бӯҳрон дар ин соҳа гардид.

Ҷӯҷа ба ҷои гов: чӣ тавр манъсозии қирғизҳоро ба фоидаи тоҷикон бояд табдил дод?

"Ҳоло бисёри маҳсулот ворид карда мешаванд ва маҳсулоти ватанӣ наметавонанд бо маҳсулоти хориҷӣ рақобат кунанд. Ғайр аз ин, ширкатҳои калон манфиатдор нестанд, ки дар маҳалҳо рақобат бошад", - мегӯяд коршинос. Муллоҷонов чунин мешуморад, ки бо ислоҳоти бомуваффақият дар соҳаи кишоварзӣ, ҷумҳурӣ метавонад аз ҳисоби истеҳсоли ватанӣ озуқавориро таъмин кунад.

Воридот аз содирот бештар аст

Манбаи асосии воридоти асъор ба Тоҷикистон интиқоли маблағҳои муҳоҷирон мебошад. Инчунин асъор аз содироти пахта, алюминий, барқ ​​ва меваи хушк низ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад. Тавозуни савдои Тоҷикистон тақрибан 20 сол боз манфӣ мебошад. Тавозуни манфӣ ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Имсол тавозуни манфии савдои хориҷӣ дар сатҳи 1,2 миллиард доллар буд ва воридот ба кишвар аз 2,5 миллиард доллар гузашт, ки 6,3% камтар аз моҳҳои январ-октябри соли 2019 мебошад. Ин омор баёнгари тафовути зиёди воридот ва содирот дар Тоҷикистонро ба таври возеҳ нишон медиҳанд.

Бо манъи содироти бисёре аз маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон худро дар як вазъи мушкил қарор дод, чун Тоҷикистон натавонист касриб буҷаро аз ҳисоби содироти нерӯи барқ ба Афғонистону Ӯзбекистон низ ҷуброн кунад, чун дар ҷумҳурӣ соли камобӣ буд.

Ба иттилои расмӣ, сатҳи об дар обанбори Норак ба андозаи 17 метр поин рафта, ҳисобҳо нишон доданд, ки захоири об 1,5 километри мукааб, ба андозаи аз ҳафт як ҳиссаи ҳаҷми обанбор кам шудааст. Ба ин далел мақомот интиқоли нерӯи барқ ба хориҷаро маҳдуд карданд, то аҳолии ҷумҳуриро дар фасли сармо бе равшанӣ намонанд.

Гилаи раиси Кумитаи андоз аз зиёд нашудани маош ва ҷойҳои корӣ

Вазъ бо локомотиви иқтисоди Тоҷикистон, корхонаи алюминийи тоҷик, ТАЛКО низ дар нимаи аввали соли 2020 хуб набуд. Бо сабаби пандемияи коронавирусӣ ва қатъ шудани саноат дар бисёр кишварҳо, арзиши металл дар нимаи моҳи январ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар тӯли якчанд моҳ нархҳо тақрибан 20% коҳиш ёфтанд ва аз 1827 доллар барои як тонна дар моҳи январ то ба 1490 доллар дар моҳи апрел поин рафтанд.

Ҳоло нархҳо дар ҳадди баланди 2 ҳазору 64,5 доллар қарор доранд, аммо бо вуҷуди ин наметавонанд зарари нимсолаи аввалро ҷуброн кунанд. Аммо, қариб як сол ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби содироти сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, инчунин семент, маъдан, ангишт, маҳсулоти насссоҷӣ даромад мегирифт аммо ин талафот аз манбаъҳои асосиро пӯшонида наметавонанд.

Дар бахши саноат ҳол чӣ гуна аст

Суръати баланди истеҳсолоти саноатӣ яке аз омилҳои асосии рушди Тоҷикистон мебошад. Тавре Вазорати рушди иқтисод мегӯяд, ин ба татбиқи ҳадафи асосии стратегӣ - саноатикунонии кишвар мусоидат мекунад.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нӯҳ моҳ 1,8 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 10,7% зиёдтар аст. Ҳамзамон, афзоиш аз ҳисоби афзоиши истеҳсолот дар саноати коркард ба даст оварда шудааст (+ 19,3%). Шояд чунин нишондиҳандаҳои хуб дар пайи дастуроти қатъии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2019 ба даст оварда шаванд.

Аз ҷумла, Президент аз суръати миёнаи рушди саноат дар Тоҷикистон интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ дар тӯли ҳафт соли охир дар сатҳи ғайриқаноатбахш тақрибан 12% таъмин карда шудаанд. Вай инчунин таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки ҳиссаи саноат дар ММД 17,3% -ро ташкил додааст ва афзуд, ки он бояд ба 30% расонида шавад.

Дар Рашт Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон таъсис ёфт

Ин рақамҳо дар муқоиса бо соли 1991, ки 13% аҳолии кишвар дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон кор мекарданду ҳаҷми истеҳсолот 25,4%-и ММД-ро таъмин мекард, ҳанӯз ҳам ғайриқаноатбахш ба назар мерасанд. Зарари азим ба саноат, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ расонида шуд, то ҳол пурра барқарор нашудааст.

Барои рушди соҳаи саноат дар Тоҷикистон инчунин фарсудашавии технологии аксарияти корхонаҳое, ки солҳои 50-60-и асри гузашта сохта шудаанд, халал мерасонанд.

Аз як тараф таҷдиди чунин корхонаҳо дар баъзе ҳолатҳо ғайриимкон аст ва аз тарафи дигар, ин кор хароҷоти зиёдро талаб мекунад, ки мутаассифона буҷаи Тоҷикистон тавони онро надорад.  Гарчанде дар ҷумҳурӣ дар бораи кушодани истеҳсолоти нави саноатию фаъолсозии садҳо корхона ҳар сол гузориш медиҳанд, аммо на ҳамаи онҳо натиҷа медиҳанд. Тибқи маълумоти Ожонси омор, дар нӯҳ моҳи соли 2020 ҳиссаи корхонаҳо ва ташкилотҳои зиёновар дар Тоҷикистон 27,8% -ро ташкил дода, ҳаҷми бақияи дебетӣ аз 61,6 миллион доллар гузаштааст.

Сарфи назар аз корхонаҳои зиёновар вазъи саноати Тоҷикистон хуб нест, зеро ҳаҷми умумии қарзҳои корхонаҳои ҷумҳурӣ имрӯз ба 7,7 миллиард доллар расидааст. Вазири нави саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабиров аллакай ваъда додааст, ки дар 5 соли оянда сатҳи истеҳсолоти саноатиро баланд мебардорад ва некӯаҳволии мардумро баланд мебардорад. Вай ният дорад, ки ин натиҷаро бо ёрии барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ки то соли 2025-ро дар бар мегирад, амалӣ намояд.

Гарчанде ки Кабиров иддао дорад, ки ин дастур дар гузариши иқтисоди Тоҷикистон ба рушди инноватсионӣ нақши калидӣ хоҳад дошт, аммо маълум аст, дар ҳоле ки коронавирус дар саросари ҷаҳон паҳн мешаваду марзҳо бастаанд, даст ёфтан ба натиҷаҳои дилхоҳ мушкил хоҳад буд.

Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, рушд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ