03:10 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
100 0 0

Дар толори меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд, мулоқоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилоят баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар мулоқот муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ва соҳибкорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд.

Зимни ҷаласа қайд карда шудааст, ки дар давоми соли 2020 зиёда аз 90 адад корхонаҳои саноатӣ бо 1469 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

“Имрӯзҳо дар вилояти Суғд зиёда аз 111 ҳазор соҳибкорон ва қариб 700 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд. Бояд зикр намуд, ки соҳибкорони вилоят дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсиониро ба таври васеъ мавриди истифода қарор медиҳанд”, - қайд кардааст  Аҳмадзода.

Зимни ҷаласа таъкид шудааст, ки барои ҳаллу фасли муаммоҳои ҷойдошта дар назди Раиси вилоят Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудааст.

Дар Шӯрои машваратӣ муаммоҳое, ки дар вилоят вуҷуд доранду ва онҳо барои рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли онҳо корбарӣ карда мешавад.

Инчунин, гуфта шудааст, ки давоми соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар бинои Кохи матбуот ба фаъолият оғоз намуд, ки барои раҳнамоии соҳибкорони ҷавон ва ба ин восита рушд бахшидани фаъолияти онҳо нақши муҳим доштааст.   

Зимни ҷаласа қайд карда шуд, ки дар натиҷа, ба таъсири омилҳои манфии берунӣ нигоҳ накарда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 13,5 млрд сомонӣ расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 118,7 фоизро ташкил медиҳад.

“Соли ҷорӣ дар соҳаи саноати вилоят як қатор дастоварду равандҳои мусбат ба қайд гирифта шуд. Ба фаъолият оғоз кардани як қатор корхонаву ташкилот имкон дод, ки нуфузи вилоят тадриҷан боло бурда шавад”,- гуфт раиси вилояти Суғд.

Дар ҳамин ҳол, муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, таъкид кард, ки мақсади асосии Ҳукумати Тоҷикистон ва тамоми сохторҳои он ин мусоидат намудан барои рушди соҳибкорӣ мебошад.

Зикр гардидааст, ки дар охири ҷаласа дар вазъияти тантанавӣ барои фаъолияти пурсамар, меҳнати фидокорона, ноил шудан ба комёбиҳои назаррас, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ва саҳми муносиб дар рушди иқтисодиёти вилоят як қатор соҳибкорони пешқадам бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадршиносӣ шуданд.

Барчаспҳо:
соҳибкорон, вилоят, мулоқот, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ