02:02 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
194 0 0

Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия ҳукуматро барои арзёбии эҳтиёҷоти муҳоҷирони кории мавсимӣ ба кишоварзии Русия даъват мекунад

ДУШАНБЕ, 25 Декабр - Sputnik. Вазорати кишоварзии Русия бо ташаббуси ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба корҳои мавсимӣ дар маҷмааи агросаноатии кишвар баромад кард, хабар медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Ба гуфтаи коршиносон, дар ин кишвар норасоии мутахассисон мушоҳида мешавад ва дар робита ба ин ниҳод дар ояндаи наздик ба ҳукумати Русия пешниҳоди мувофиқ ирсол мекунад.

Ин ташаббус дар ҷаласаи навбатии ситоди фаврӣ оид ба назорати вазъ дар маҷмӯъаи саноатӣ ва бозори озуқаворӣ дар Русия эълон карда шуд.

Якчанд намояндагони минтақаҳо ва ҷомеаи саноатӣ аз вилоятҳои Астрахан ва Волгоград изҳор доштанд, ки барои рушди минбаъдаи динамикии соҳа ва баландтарин сифати корҳои мавсимӣ дар соли 2021 бояд коргарони хориҷӣ ҷалб карда шаванд.

Имрӯз, талаботи умумии иловагии қувваи кории саноати кишоварзии Русия аз ҳисоби муҳоҷирати хориҷӣ беш аз 39 ҳазор нафарро дар тамоми давраи кори мавсимӣ ташкил медиҳад.

Натиҷаи хуби соли вазнин: муҳоҷиронро дар соли 2021 чи навгоние интизор аст

Қайд карда мешавад, ки имсол дар шароити баста шудани марзҳо ба сабаби пандемия, ширкати кишоварзиро зарур омад мутахассисони дигар соҳаҳои иқтисод ва донишҷӯёни донишгоҳҳои кишоварзиро ҷалб созанд.

Бигзор пул кор кунанд: Путин бо Раҳмон вазъи муҳоҷиронро баррасӣ мекунад

Ба гуфтаи ширкаткунандагони бозор, дар ҳоли ҳозир камбуди муҳоҷирони корӣ вобаста ба хуруҷ аз кишвар пас аз анҷоми маъракаи ҳосилғундорӣ вуҷуд дорад.

Барчаспҳо:
маҳсулот, бозор, соҳаи кишоварзӣ, муҳоҷир, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ