01:36 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
209 0 0

Ожонси омори назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли машрубот дар 11 моҳи соли равон дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта хабар дод

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонси омор, Тоҷикистон истеҳсоли машруботро дар соли равон ба андозаи 5,2 дарсад афзоиш дод.

Манбаъ афзуд, дар маҷмуъ корхонаҳои Тоҷикистон то моҳи ноябри соли 2020 ҳудуди 50,3 декалитри маҳсулоти спиртӣ истеҳсол кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 25 корхонаи хурди истеҳсоли спирту маҳсулоти спиртӣ фаъолият доранд.

Ин дар ҳолест, ки дар радабандиҳои ҷаҳонӣ, тоҷикистониён аз рӯи майнӯшӣ миёни кишварҳои ИДМ ҷойҳои ақибро мегиранд.

Тоҷикистон дар радабандии кишварҳои майнӯш, ки соли равон 189 кишвари ҷаҳонро фаро мегирад, дар мақоми 130-юм қарор гирифтааст. Аз миёни икшварҳои ИДМ, Ӯзбекистон дар ҷойи 138 ва Озарбойҷон дар ҷои 166 қарор гирифтааст.

Ба гуруҳи кишварҳои майхӯртарин Малдавия, Литва, Чехия, Олмон, Нигерия Ирландия ва ба феҳрасти кишварҳои майбезортарин – Сомалӣ, Мавритания, Либия, Қувайт, Бангладеш, Яман, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Сурия ва Покистон шомил шудаанд.

Барчаспҳо:
шамол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ