01:49 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
297 0 0

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар ин кишварро дар шароити паҳншавии вируси корона ироа кардааст, ки иҷрои он муҷиби эҷоди ҷои кор ва афзоиши маошу дастмуздҳо хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ян Питер Олтерс бо ишора ба вобастагии шадиди буҷаи ҳукумати Тоҷикистон ба андоз пешниҳод кардааст, ки андози бахши хусусӣ дар ин кишвар коҳиш ёбад ва заминаи фаъолияти баробар барои бахши хусусӣ ва корхонаҳои давлатӣ фароҳам шавад, иттилоъ додааст хабаргузориии “Парстудей”.

Вай афзудааст, ки ҳамакнун марказҳои вобаста ба ҳукумат аз имтиёзоти зиёде бархӯрдоранд, ки дар бахши хусусӣ ин сабукиҳо вуҷуд надорад.

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин бар баҳрагирии ҳукумати Тоҷикистон аз фанновариҳои навини мудирияти иқтисодӣ, ислоҳот дар бахши кишоварзӣ, диҷиталӣ кардани хадамоти ҳамлунақл, банкҳо ва дигар бахшҳо таъкид ва изофа кард: “Истифода аз зарфиятҳои бахши хусусӣ дар содироти маҳсалот низ метавонад заминаи иштиғолзоӣ ва афзоиши вуруди арзҳои хориҷӣ ба манзури ҳимоят аз арзиши пули миллии Тоҷикистонро фароҳам кунад”.

Ян Питер Олтерс бо таъкид бар зарурати коҳиши вобастагии Ҳукумати Тоҷикистон ба даромади интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ роҳи ҳалли ин мушкилро таъмини ҷойи кор дар дохили кишвар донист.

Вай изҳор дошт, ки густариши вируси корона осебпазирии иқтисоди Тоҷикистонро нишон додаву исбот кардааст, ки бо равишҳои қаблии мудириятӣ наметавон аз ин буҳрон хориҷ шуд.

Барчаспҳо:
рушд, барнома, иқтисод, Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ