07:40 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
330 0 0

Пештар эълом шуда буд дар шаш моҳи нахусти 2020 саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз қарзи хориҷӣ ба ҳудуди 330 доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik.  Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои молии байналмилалӣ, минтақаӣ ва кишварҳои қарздиҳанда барои ба таъхир афтодани муддати бозпардохти қарзи хориҷии хеш вориди музокира шудааст.

Ба гузориши сомонаи "Парс тудэй", Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тозае бо унвони “кунд шудани рушди иқтисодии Тоҷикистон дар шароити корона” эълом кардааст: "гуфт‌угӯҳои ҳукумати Тоҷикистон бо қарздиҳандагони хориҷӣ барои таъхири муваққати замони бозпардохти қарзи ин кишвар оғоз шудааст."

Гуфта мешавад, ки Чин бо ин дархости Тоҷикистон мувофиқат кардааст.

Аз сӯи дигар бар асоси гузориши вазорати молияи Тоҷикистон қарзи хориҷии кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба 3 миллиарду 163 миллиону 200 ҳазор доллар расидааст, ки бар ҳар як аз ҷамъияти 9 миллиону 400 ҳазорнафарии Тоҷикистон 335 долларӣ рост меояд.

Пештар эълом шуда буд дар шаш моҳи нахусти 2020 саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз қарзи хориҷӣ ба ҳудуди 330 доллар расидааст.

Афзоиши мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳоли ҳозир қарзи Тоҷикистон ба Бонки содирот ва воридоти Чин як миллиарду 133 миллион доллар, Бонки Ҷаҳонӣ 338 миллион доллар, Бонки Рушди Осиё 287 миллион доллар ва Бонки тавсеъаи исломӣ 132 миллион доллар эълом шудааст.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба сандӯқҳои рушди теъдоде аз кишварҳои арабӣ низ қарздор аст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ