20:57 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
34601

Шаробсозӣ дар Тоҷикистон 40 сол пеш бисёр инкишоф ёфта буд – шаробҳои ҷумҳурӣ ба хориҷ аз кишвар низ содирот мешуданду, дар озмунҳои байналмилалӣ ҷоизаҳо мегирифтанд

ДУШАНБЕ, 3 янв - Sputnik.  Дар замони шӯравӣ шаробҳои Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар бисёр машҳур буданд. Дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ онҳо медалҳои тилло ва нуқра ба даст меоварданд ва бо беҳтарин шаробҳои сохти Португалия, Итолиё ва ҳатто Фаронса рақобат мекарданд.

Шаробҳои сафеди "Душанбе" ва "Помир", шаробҳои бандарии "Тоҷикистон" ва "Қӯрғонтеппа", ва шароби "Тайфи", дар тамоми  қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ аз талаботи зиёд бархӯрдор буд. Дар бораи "Шампанҳои Шӯравӣ"-и истеҳсоли корхонаи шароббарории Шаҳринав ҳоҷати гап задан ҳам нест, онро бо беҳтарин шампанҳои истеҳсоли Қрим, ки дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ беҳтарин дониста мешуд, муқоиса мекарданд.

Шаробҳои ширини сурх "Вахш", "Ҳисор", "Ҷаус", "Арал", "Тагобӣ", "Ширинӣ" ва "Орзӯ" низ қадр мешуданд.

Мутаассифона, аз шӯҳрати солҳои қаблӣ чизе боқӣ намондааст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон ангур ҳоло ҳам зиёд аст.

Шараф ва ифтихори шароби тоҷикӣ

Виноградарский совхоз Шахринау. Сбор винограда.
© Sputnik / Пичхулян
Виноградарский совхоз "Шахринау". Сбор винограда.

Дар даврони шӯравӣ аз 15 ҷумҳурӣ дар 11-тои он навъҳои гуногуни ангур парвариш мешуд ва дар ин ҷумҳуриҳо шароб, коняк ва херес (шароби сафед) истеҳсол мешуданд. Дар он замон ҳам Русия, Украина, Молдава ва Озарбойҷон аз ҷиҳати истеҳсолот пешсаф буданд. Аммо ҷумҳуриҳои Киргизистон, Точикистон ва Ӯзбекистон аз лиҳози истеҳсоли ангур аз ҳар як гектар дар ҷои аввал буданд.

Республикаи хурди кӯҳӣ ба делели офтоби фаровон ва обёрии самараноки замин сол аз сол рақамҳои назаррас нишон медод.

Тибқи омори Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон дар солҳои хуби худ 6 миллион декалитр шароб истеҳсол мекард, ки аз се ду ҳиссаи он ба хориҷ аз кишвар содир мешуд. Шампан дар ҷумҳурӣ дар ҳудуди 3 миллион шиша истеҳсол мешуд, ки қисми зиёди он ба хориҷа низ фурӯхта мешуд. Даромад аз ин ба буҷаи ҷумҳурӣ 12-15 фоизро ташкил медод.

"Иқлими Тоҷикистон имкони парвариши ангуреро медиҳад, ки шириниаш 26-28 фоизро ташкил медиҳад. Ба ин боз ҳосилнокии зиёдро агар илова кунем (то 200 сентнер аз як гектар), маълум мешавад, ки чаро мо имкон доштем чунин миқдор маҳсулот истеҳсол намоем", - ба ёд меорад шаробсозӣ собиқадор, собиқ корманди корхонаи шароббарорӣ Гулмаҳмад Бобоев.

Чунин вазъ то соли 1985 вуҷуд дошт. Мутаассифона, ҳоло чунин рақамҳоро танҳо орзу мекунем. Маъракаи зиддимайзадагии Михаил Горбачёв, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба соҳаи шаробсозӣ  дар Тоҷикистон хотима доданд.

Токзорҳои беҳтаринро решакан карданд. Мутахассисон ба дигар кишварҳо рафтанд, як қисми таҷҳизотҳо дуздида, дигаре фарсуда шуданд.

Аз шароб фаромӯш шуд

Барои наҷот ёфтан, ангурпарварон ба парвариши навъҳои ба парвариши ангури мизи (киш миш, тоифӣ, страшенский ва ғайра) даст заданд. Муҳлати дарози нигоҳдорӣ имкон медиҳад, зироатро ба хориҷ аз кишвар, аз ҷумла ба кишварҳои  ҳамсоя Афғонистон, Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот кард. Русия ва Белорус низ аз ин кишварҳо қафо намондаанд.

Аммо дар масъалаи шаробсозӣ ҳамааш чандон хуб нест. Маҳсулот дар ин соҳа кам истеҳсол мешавад ва сифати он чандон хуб нест. Дар тӯли даҳсолаҳои охир, технологияҳо хеле фарсуда шуданд ва ворид намудани технологияҳои ба ин соҳа хеле гарон аст.

Имрӯзҳо аз брендҳои машҳури Тоҷикистон дар мағозаҳои ҷумҳурӣ метавон танҳо "Кагор" -ро пайдо кард. Шаробҳои машҳури бандарӣ, инчунин шаробҳои сурхи начандон машҳур айни замон истеҳсол намешаванд. Аммо дар мағозаҳо машруботи навъҳои "Каберне", "Ркатсители" ва монанди инҳо дида мешавад.

"Мутаассифона, фурӯши шароб дар дохили кишвар чандон фоиданок нест. Новобаста аз он ки нархи шароб нисбатан арзон аст, аз 30 то 40 сомонӣ барои 0,5 литр, нархи аслиаш тақрибан 15 сомониро ташкил медиҳад. Ин тавр аст, ки нархи арақ боз ҳам арзонтар аст ва дар маҷмӯъ ҳоло аҳолӣ кам машрубот менӯшад" , - афзуд Бобоев.

Ба гуфтаи вай, содироти шаробҳои Тоҷикистон ояндаи дурахшон дорад, аммо бо сифате, ки ҳоло истеҳсол мешаванд, талаботи зиёдро дар хориҷ набояд интизор шуд. Коршинос бар он аст, ки истеҳсоли имрӯзаи машрубот дар Тоҷикистон хусусияти истеҳсоли дастиро дорад, дар сурате, ки дар ин соҳа сатҳи баланди саноатӣ лозим аст.

Эҳёи суннатҳои Тоҷикистон

Пас аз 35 сол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз эҳёи дубораи анъанаҳои пуршарафи шаробсозӣ тасмим гирифт. Вай дастур дод, ки барои ҳалли ин масъала чораҳои дахлдор андешида шаванд. Татбиқи лоиҳаи "Роҳи абрешими шароб", ки Тоҷикистон мехоҳад ба он мисли Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон ҳамроҳ шавад, аз эҳтимол дур нест.

Аммо ин корро анҷом додан чандон осон нест. Бале, офтоб ҳанӯз ҳам гарм мекунад, аммо малака ва технологияҳоро бояд аз сифр эҳё кард.

"Барои парвариши ангур 5 минтақаи мусоид мавҷуд аст: Се минтақа дар шимол ва як минтақаии дигар дар марказу ва ҷануби кишвар ҷойгир шудааст. Навъҳои ангури ин маҳалҳо барои истеҳсоли шаробҳои қавии ширини сафед ва сурх пешбинӣ шудаанд. Ғайр аз ин ангурро метавон хушк кард ва аз он мавиз гирифт, ки барои содирот бисёр мувофиқ аст”, - мегӯяд Бобоев.

Се сол пеш, ҳукумати Тоҷикистон ба аҳолӣ иҷозат дод, ки дар хонаҳояшон шароб тайёр кунанд. Аксари ҷамъият, ин фикрро манфӣ қабул кард, чун аз афзоиши майзадагӣ тарс доштанд. Аммо коршиносон ин иқдомро ҳамчун як имконияти умедбахш барои эҳёи анъанаҳои қадимии шаробсозӣ арзёбӣ карданд.

Бояд гуфт, ки истеҳсоли дастӣ наметавонанд дар пешрафти соҳа саҳмгузор бошад, тағйирот бояд дар сатҳи саноатӣ ворид карда шавад. Дар Тоҷикистон, каму беш анъанаи шаробсозӣ ҳифз шудааст – барои мисол дар минтақаҳои Шахринав, Истаравшан (қаблан Уротеппа), Ҳисор ҳифз карда шуд. Ҳарчанд барои фаъолияти пурраи онҳо таҷҳизоти муосир лозим аст.

Дар Душанбе як корхонаи шароббарорӣ низ  мавҷуд аст, ки он ҳам ба таҷдид ниёз дорад.

Ба гуфтаи коршиносон агар дар ин корхона ҳадди аққал истеҳсоли шароби бандарии "Тоҷикӣ" ва шароби сафеди "Душанбе" тибқи нусхаҳои қаблӣ барқарор шавад, ин маҳсулот дорои иқтидори баланди содиротӣ хоҳад дошт.

"Шаробсозони мо худро азоб намедиҳад, шаробҳои истеҳсолкардаашонро бо номҳои шаробҳои машҳури Гурҷистон ва Молдова мебароранд ва онҳо ҳатто дар бораи шаробу шаробҳои бандарии машҳури кишвар ёде намекунанд. Онҳо ҳатто ба навовариҳо чандон майл надоранд", - мегӯяд собиқадори соҳа.

Агар аз рӯи ҳақиқат бигӯем соҳибкоронро ба хунукназарӣ айбдор кардан мушкил аст. Технологияҳои муосир дар қиёс ба маоши маҳаллӣ хеле гарон мебошанд, қарзҳои тиҷоратӣ ғуломона буда, мутахассисон ҳам омӯзиш дода намешаванд. Дар кишвар танҳо чанд нафар боқӣ мондааст ва ин маънои онро дорад, ки барои омӯзиш бояд аз ҳисоби худ ба хориҷа сафар кард.

Барои парвариши миқдори кофии навъҳои техникии ангур вақт лозим аст. Замоне навъи хуби ангурро ба навъи мизи иваз карданд, то ба ҳамсоягон фурӯшанд, аммо акнун парвариши навъҳои техникиро бояд аз нав эҳё кард. Дар ин ҷо ҳам агар хоҳиш бошад роҳи наҷот пайдо кардан осон аст. Масалан, дар як муддати муайян метавон ба мева ва буттамеваҳои Тоҷикистон ба монанди - тут, анҷир, хурмо такя кард. Шароб аз инҳо дар хориҷа ба монанди шароби экзотикӣ дониста мешавад ва аз сӯи истеъмолгарон талаботи зиёдеро таъмин мекунад.

Дар маҷмӯъ, эҳёи истеҳсоли шаробсозӣ дар кишвар се иқдоми аввалро талаб мекунад: дастгирии давлатӣ, ки бо қарзҳои имтиёзнок ифода меёбад, ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва омодасозии кадрҳои маҳаллӣ бо кӯмаки мутахассисони хориҷӣ.

Чунин иқдомҳо ба ин соҳа имкон медиҳад, ки дар тӯли 3-4 соли оянда ба пешрафтҳои назаррас ноил шаванд.

Барчаспҳо:
байналмилалӣ, озмун, хориҷ, содирот, истеҳсол, шароб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ