23:40 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
128602

Дар бахши воқеии иқтисод маоши миёнаи моҳона дар октябри 2020 ба 1 ҳазору 661,21 (соли 2019 - 1362,82) сомонӣ расид ва нисбат ба октябри соли гузашта 6,8 дарсад афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 02 янв — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, камтарин дастмузд дар бахши воқеии иқтисод дар октябри 2020 дар байни коргарони кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳидорӣ буд - 623.76 сомонӣ (соли 2019 - 575,71).

Бештарин дастмузд дар ин бахш марбут ба истихроҷи маводи маъданӣ буд - 2,631 (2515,21), сохтмон - 2,453.91 (2366,79), таъмини барқ, газ, буғ ва ҳавои матбӯъ - 2,326.55 (2233,67), саноати коркард - 1804.67 (1686,88) ва дар таъмини об, тасфия, коркарди пасмонда ва тавлиди маводи сонавияии хом - 958.80 (929,87).

"Дар бахши хизматрасонӣ болотарин маош марбут ба кормандони миёнҷигарии молӣ ва бима - 3598.30 (3417,81), иттилоот ва алоқа - 2721.45 (2654,02), ҳамлу нақл ва захирасозии колоҳо - 1532.24 (1530,64) ва амалиёти молу мулки ғайриманқул - 1357.61 (1287,14) сомонӣ будааст.

Касбҳои аз ҳама баландмузд дар соли 2021 номбар шуданд

Ба таври куллӣ, маоши миёнаи моҳёна дар бахши хизматрасонӣ дар октябри соли 2020 болиғ бар 1423.17 (1284,79) сомонӣ буда ва нисбат ба октябри соли гузашта 13.3 дарсад афзоиш доштааст”, - гуфтанд дар Агентии омор ба Sputnik Тоҷикистон.

Дар соҳаи маориф дар октябри соли 2020 дастмузди миёнаи моҳона болиғ бар 1245.14 сомонӣ буда, нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли 2019 16.8 дарсад афзоиш доштааст. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат маоши ҳадди миёнаи моҳона 1102,19 сомонӣ ҳисоб шуда, бо муддати мушобеҳ дар соли 2019 22,4% зиёд аст.

Ҳадди номиналии дастмузди миёнаи моҳона, ки барои коргарони кироя интиқол ёфтааст, дар октябри соли 2020 дар ҳаҷми 1478,46 сомонӣ буда, дар қиёс бо сентябри соли равон 3,7% ва октябри соли 2019 11,4% афзудааст. Ҳадди ақалли маош дар Тоҷикистон 400 сомонӣ аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Агентии омор, сатҳи маоши воқеӣ (бо назардошти тағйири индекси нархҳо) октябри соли 2020 дар қиёс бо с сентябри 2020 ба 1,8% ва октябри 2019 ба 2,7% афзоиш доштааст.

Барчаспҳо:
маош, Агентии омори Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ