04:29 28 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
367 0 0

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар соли 2021 сатҳи таваррум дар ҳудуди 6,9 фоиз пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 4 январ - Sputnik. Ҳаҷми ММД дар Тоҷикистонро то соли 2023 ба 115 миллиард сомонӣ ё беш аз 10,1 миллиард доллар расониданианд.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар соли 2021 сатҳи таваррум 6,9%, соли 2022 - 6,8% пешбинӣ шудааст ва дар соли 2023 ин нишондиҳанда 7,1% -ро ташкил хоҳад дод.

Миёнаҳои моҳи ноябри соли гузашта палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи Буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2021-ро тасвиб кард.

Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли ҷорӣ афзоиши ММД дар сатҳи 7,6% - то 92,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Даромади умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ ҳисоб карда мешавад, ки ин 29,8% маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Хароҷоти буҷет барои соли ҷорӣ дар ҳаҷми 28,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳукумат ҳаҷми буҷаи 2021-ро гуфт: барои кадом соҳа чанд пул?

Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ 13,2 миллиард сомонӣ муқаррар карда шудааст, ки 47% тамоми хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
ММД, буҷа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ