Бонки миллӣ боз “Боварӣ” кард: тамдиди иҷозатномаи ташкилоти суғуртавӣ

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллӣ эълон кардааст, ки ба “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд

ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Дафтраи матбуоти Бонки миллӣ эълон кардааст, ки қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора санаи 28 декабри соли равон ба имзо расидааст.

Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ ба “Суғуртаи асри 21” иҷозатнома дод

Гуфта шудааст, ки санаи 28 декабри соли равон таҳти №166 дар асоси моддаҳои 6 ва 12 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 10 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бинобар тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавӣ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ тавассути аз нав ба расмиятдарорӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Қайд шудааст, ки мутобиқи қарори мазкур Иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2020 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шудааст.

Ҳамчунин Бонки миллӣ Идораи назорати суғуртавиро уҳдадор кардааст, ки  дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдор ворид намоянд.

Лентаи хабарҳо
0