Дар Тоҷикистон барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ муаррифӣ шуд

© Sputnik / Амир ИсаевПодпись документа. архивное фото
Подпись документа. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе “Барномаи дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” муаррифӣ гардид

ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар асоси супориши Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи бахши хусусӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ дар доираи Гурӯҳи кории байниидоравии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таҳия гардидааст.

Рукопожатие, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи сармоягузорӣ шумори имтиёзҳо ба соҳибкоронро дақиқ кард

Гуфта шудааст, ки барнома бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати роҳандозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат бо роҳи таъмини шуғл ва баланд бардоштани сатҳи воқеии некӯаҳволии аҳолии мамлакат  дар асоси муқаррароти “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия шудааст.

Ҳамзамон дар барнома натиҷаҳои татбиқи “Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, камбудиҳо ва сабақҳои андӯхта, таклифу пешниҳодҳо ва тадқиқоти аз ҷониби мақомоти давлатӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд гузаронидашуда, натиҷаҳои пурсишҳои соҳибкорон ва ассотсиатсияҳои соҳибкории ҷумҳурӣ ва таҷрибаи дигар давлатҳо истифода шудаанд.

“Таъмини шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, рақобатпазирӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳадафи асосии барнома буда, барои расидан ба ҳадафи мазкур якчанд вазифаҳои зарурӣ, аз ҷумла такмили конунгузорӣ ва низоми ҳимояи давлатии манфиатҳои қонунии соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳои маъмурии зиёдатӣ дар рушди фаъолияти бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани қобилият ва малакаи касбии соҳибкорон амалӣ карда мешавад”, - зикр намудааст манбаъ.

Инчунин, манбаъ қайд кардааст, ки ислоҳоти институтсионалӣ барои беҳсозии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, ташкил ва рушди механизмҳои самаранок ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор, бунёди инфрасохтори муосир барои дастгирии бахши хусусӣ аз самтҳои асосии барнома маҳсуб мешавад.

Лентаи хабарҳо
0