09:24 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
274 0 0

Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар Тоҷикистон 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллар мавриди татбиқ қарор доштааст

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.

Таъкид шудааст, ки зимни ҷаласа татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо баррасӣ шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа қайд гардидидааст, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Дар ин ҷаласа муовини якуми сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Барчаспҳо:
маблағ, лоиҳа, сармоягузорӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ