01:22 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1626 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондоди ин ниҳоди молии кишвар, арзиши рубл ба таври назаррас нисбат ба ҳафтаи гузашта коҳиш ёфта, уфти шабонарӯзи гузашта ба беш аз 1 сомонӣ мерасад

ДУШАНБЕ, 26 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1531 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли сукут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7329 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1489 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1500- 0,1530 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1500 то 0.1530 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1490 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки доллар дар соли 2021 чӣ қадар поин хоҳад рафт

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, евро, доллар, қурби асъор, Бонки Миллӣ

Мавзӯъҳои асосӣ