06:19 26 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.83
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
129810

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паёми солона дар назди парлумони кишвар пешниҳод кард, ки кишоварзони тоҷик як сол аз андоз озод шаванд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.

Президент аз мушкил омадани соли 2021 таъкид кард ва гуфт, дар саросари ҷаҳон дар ин сол нарасоии маводи озуқаворӣ ҳис хоҳад шуд.

COVID-19 ё пинҳонкорӣ: нақшаи андоз дар Суғд иҷро нашуд

Ӯ ёдрас шуд, ки қаблан низ борҳо таъкид мекард, ки бояд соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон тақвият дода шавад.

Президент тавсиф кард, ки соли 2020 Тоҷикистон тавонист дар ин соҳа ба дастовардҳо ноил шавад. 

"Имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде кашид", - таъкид кард вай.

Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳангоми ироаи паёми солана дастур дод, ки Кодекси андози Тоҷикистон такмил дода шавад.

Президент мӯҳлат дод, ки то моҳи март Кодекси нави андоз омода гардад. Вай афзуд, ки дар кодекси нав ба дастгирии соҳибкорон диққати бештар дода шавад.

Барчаспҳо:
деҳқон, андоз, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ