13:00 09 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1147 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондоди ин ниҳоди молии кишвар, арзиши рубл, ки дар оғизи соли ҷорӣ боло рафта буд, дубора ба нишондодҳои моҳи декабри соли гузашта поин омад

ДУШАНБЕ, 27 янв— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1495 сомонӣ нишон дода шудааст.

Доллари амрикоӣ пас аз якбора боло рафтан дар соли гузашта, дар ҳоли суқут қарор дорад. Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.7216 то 13.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1489 то 0.1550 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1495- 0,1520 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1495 то 0.1525 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1480 то 0,1550 сомонӣ нишон дода шудааст.

Коршинос гуфт, ки доллар дар соли 2021 чӣ қадар поин хоҳад рафт

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Барчаспҳо:
сомонӣ, қурби асъор, Бонки миллӣ

Мавзӯъҳои асосӣ