21:35 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
353 0 0

Гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ахиран хело зиёд шуд, дар ҳамин ҳол содироти амволи Ӯзбекистон се баробар афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Воридоти моли Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 3 баробар зиёд шуд, хабар медиҳад "Авеста".

Ҷои таъкид аст, ки солҳои охир содироти амволи тоҷикӣ ба Ӯзбекистон нисбат ба содироти ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон бештар буд.

Дар як муддати кӯтоҳ Ӯзбекистон якбора ба се баробар нишондоди содиротро зиёд кард.

Ҳамин тавр, дар соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар бештар аз 333,7 миллион долларро ташкил дод. Аз он ҳудуди 33 дар садашон ба содироти колои тоҷикӣ ба Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.

Дар умум ҳаҷми интиқоли мол ба Ӯзбекистон дар ин давра 83, 5 миллион долларо ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нишондоди содироти колои ӯзбекӣ дар бозори тоҷикӣ бештар аз 250 миллион долларро ташкил доданд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон асосан ба Ӯзбекистон маҳсулоти хом - алюминий, сулфур, семент ва оҳак содир мекунад.

32%: рекоди нави содироти Тоҷикистон, он ҳам дар замони пандемия

Дар ҳамин ҳол, ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон маҳсулоти тайёр, ба монанди пору, воситаи нақлиёт, либос, косметика, маҳсулоти атриётӣ мехарад.

Пештар хабар дода шуд, ки новобаста аз пандемияи коронавирус ва бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар соди 2020 ҳаҷми гардиши молро бо кишварҳои хориҷ афзоиш дод.

Мавзӯъҳои асосӣ