Раҳмон дар Хуҷанд нахуст корхонаҳои Каромат Назароваро ифтитоҳ кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПрилет президента Таджикистана Э. Рахмона
Прилет президента Таджикистана Э. Рахмона  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2021
Обуна шудан
Ҳангоми сафар ба шимоли Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба кушодани корхонаҳои нави ватанӣ оғоз намуд ва ҳамзамон бояд дар ҷашнвораи Сада ширкат варзад
ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари кории худ имсол озими Суғд шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2021
Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар Суғд: БДА гуфт, ки ронандаҳо ба кадом роҳҳо раванд
Дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд президенти кишварро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода пешвоз гирифт.
Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар Раҳмон дар ифтитоҳи корхонаҳои нав, боғҳо, як қатор иншооти ҷамъиятӣ ширкат варзида, бо сокинон дидору мулоқот кунад ва инчунин дар ҷашнвораи Сада ширкат кунад.
Гуфта мешавад, президенти кишвар замони озими вилоят гаштан ба коргоҳҳои нави истеҳсоли равғани ватанӣ ва як фабрикаи паррандапарварӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии Хуҷанд рафтааст.
Ҳарду корхонаи бозкардаи Раҳмон "Субҳи Заррин" ва "Назар" бо арзиши беш аз 5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова таъсис дода шудаанд.
Корхонаи нав солона барои бозори Тоҷикистон тақрибан 360 тонна маргарин ва равған истеҳсол мекунад. Ашёи хом асосан аз корхонаҳои коркарди ширии Суғд ворид карда мешавад.
Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фабрикаи парандапарварии “Назар” таъсис дода шуд, ки айни замон дар он зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш карда мешавад.
Тағйироти кадрӣ дар Кумитаи меъморӣ: Эмомалӣ Раҳмон масъулинро ҷо ба ҷо кард
Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.
Дар соли равон бо бунёди боз ду иншооти дигар парвариши чӯҷа дар ин фабрикаи парандапарварӣ ба 100 ҳазор сар расонида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0