22:56 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
899 0 0

Саридораи геологияи Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотӣ аз ошкор гардидани 28 кони нафту газ дар кишвар эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Ба гуфтаи муовини роҳбари Саридораи геологияи Тоҷикистон, Алимаҳмуд Ализода, захираҳои нафт дар чоҳҳои мазкур 2,2 миллион тон ва газ 3,4 миллиард метри мукаабро ташкил медиҳад.

Муовини раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон инчунин аз конҳои тилло дар кишвар гуфт. 

“Дар ҳоли ҳозир, дар кишвар 40 кони тиллои фаъол ва 85 кони ояндадори тилло ба қайд гирифта шудааст”, - гуфт Алимаҳмуд Ализода. Вай ҳамчунин илова кард, ки ҳоло корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ оид ба муайян намудани захори тилло идома дорад.

Дар ҳамин ҳол муовири сардори Саридораи Тоҷикгеология нагуфт, ҳаҷми захираи тилло дар 40 кони тилло чӣ қадар аст.

Суҳбат аз захираи тиллою конҳои нафту газ дар ҳолест, ки қаблан Саридораи геология иттилоъ дода буд, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 майдони ояндадори нафту газ мавҷуд аст, ки ба омӯзиши геологӣ ниёз доранд.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълон карда буд, ки дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019 ҳудуди 1169 тонна зиёд мебошад.

 

Барчаспҳо:
захира, газ, нафт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ