Евро дар Тоҷикистонро ба сатҳи соли гузашта поин омад: эълони қурби асъор

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДеньги
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2021
Обуна шудан
Қурби евро, ки барои имрӯз дар Тоҷикистон муқаррар шудааст, ба нишонаҳои аввали моҳи декабри соли гузашта поин омад
ДУШАНБЕ, 4 фев— Sputnik.Тибқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, коҳиши пули аврупоӣ дар муқобили сомонӣ идома дорад.
Российский рубль, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Иқтисодшинос гуфт, хатарноктарин рӯзҳо барои рубл кай фаро хоҳанд расид
 Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1482 сомонӣ нишон дода шудааст.
Чунин ҳолати коҳиши назарраси қурби асъор чанд ҳафта паиҳам идома дорад, ки ба таҳкими пули миллӣ таъсир мерасонад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз аз 11.3022 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.5803 то 13.8300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1482 то 0.1510 сомонӣ муқаррар кардааст.
Ҳамин тавр, Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3022 сомонӣ, 1 евро – 13.5803 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1482 сомонӣ.
Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".
Лентаи хабарҳо
0