10:42 08 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.50
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
87 0 0

Палатаи ҳисоб дар соли гузашта дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 санҷишҳои аудиторӣ анҷом додааст

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Қарахон Чиллазода раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон рӯзи 4-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ асосан аз ҳисоби нодуруст ба нақша гирифтани маблағҳои буҷетӣ дар сметаҳои хароҷотӣ, нодуруст ҳисоб ва пардохт намудани музди меҳнати кормандон, сафархарҷиҳо ва дигар ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷет камбудиҳо ошкор гардиданд.

Вай инчунин таъкид дошт, ки камбудиҳо дар изофанависии корҳои сохтмонӣ, риоя накардани меъёри истифодаи сӯзишворӣ, беасос аз эътибор соқит намудани молу маводи арзишдор, зиёд нишон додани арзиши молу маводи харидшуда ва аз ҳисоби дигар фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ошкор шудаанд.

Қарахон Чиллазода қайд кард, ки дар  давраи ҳисоботӣ  Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 272 чорабинии аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 252,3 миллион сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи аудитҳо 36 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида ба маблағи 18,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Гуфта шудааст, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 78,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 42,4 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 32,8 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 2,8 миллион сомонӣ мебошпд.

Аз Вазорати маориф то “Барқи тоҷик”: Палатаи ҳисоб норасоии миллионҳо сомониро ошкор кард

Ҳамзамон талафи воситаҳои пулию молӣ 5,2 миллион сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 51,3 миллион сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо 38,4 миллион сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
Палатаи ҳисоб, зарар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ