23:42 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.61
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
1962 0 0

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтааст, ки шахсан истифодаи заминҳоро таҳти назорат гирад

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik.  Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки ҳар ҳафта мӯза пӯшида дар ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ мегардад, то шахсан шоҳиди вазъи истифодаи заминҳо дар ноҳия бошад.

Суҳбати раиси Кумитаи идораи замин аз ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳо додугирифти ғайриқонунии замин дар ин ноҳия зиёд ҷой дорад.  

Боздошти корманди “Суғдзаминсоз” барои заминфурӯшӣ: беш аз 200 ҳазор сомонӣ гирифт

Хоҷазода зимни нишаст бо рӯзноманигорон тасдиқ кард, ки камбудӣ дар самти замин ҳаст, вале на он қадаре, ки пештар вуҷуд дошт. Ӯ афзудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, шахсан ба вай супориш дод, ки тамоми заминҳои ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорат гирифта, камбудиҳо бо пуррагӣ бартараф созад.

“Ман аллакай бо тамоми раисони ҷамоатҳои деҳот ва маҳаллаҳо якмаротибагӣ вохӯрӣ гузаронидам ва  дигар намегузорем, ки замин таллаву тороҷ шавад. Ман тасмим гирифтам, ки ба поям мӯза мепӯшам, ҳар ҳафта дар як ҷамоат мегардам ва худам назорат мекунам”, - навиштааст сомонаи “Фараж” аз қавли Орифзода.

Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон афзудаст, бояд коре кунем, ки бо натиҷаи хуб ноил гардем ва қонунвайронкунӣ дар бахши замин аз байн бурда шавад.

Барчаспҳо:
замин, сайру гашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ