09:25 02 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.62
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
102 0 0

Диловар Пирназарзода, муовини якуми раиси “Тоҷикстандарт” мегӯяд, соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 2 миллиону 355 ҳазор кило маҳсулоти ғайристандартиро ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Пирназарзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз 2,3 миллион кило маҳсулоти ғайристандартие, ки ошкор шудааст, 1,7 миллион килояш барои саломатӣ зараровар буда, нобуд карда шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки 646 ҳазор килои боқимонда мушкилоти марбут ба тамғагузорию навиштаҷот дошт, ки баъди ислоҳ дар доираи талаботи стандартҳо дигарбора ба фурӯш роҳ дода шуд.

Манбаъ афзуд, ки аз маҳсулоти ғайристандартии ошкоршуда беш аз 455 ҳазор килояш маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазор кило равғани растанӣ, 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 44 ҳазор килоро маҳсулоти қаннодӣ ташкил додааст.

Тибқи иттилои “Тоҷикстандарт”, дар маҷмуъ давоми соли 2020 ҳамагӣ 7 ҳазору 970 нафар барои нақзи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ, аз ҷумла қоидаҳои беҳдоштӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, маблағи ҷарима беш аз 1,7 миллион сомониро ташкил дод.

Мақомдорони “Тоҷикстандарт” таъкид намуданд, ки маҳсулоти ғайристандартӣ дар бозори  истеъмолии Тоҷикистон коҳиш ёфта истодаанд ва яке аз омилҳояш вуҷуди рақобати солим арзёбӣ мешавад. Масъулин мегӯянд, вақте мардум маҳсулоти босифат интихоб мекунад, тавлидкунанда низ маҷбур мешавад маҳсулоти хуб ба бозор барорад ва колои пастсифат худаш аз байн меравад.

Барчаспҳо:
ғайристандартӣ, Тоҷикстандарт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ