10:38 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
196101

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” гуфт, аз қаллобии се миллионии корманди бонк Исоев хазинаи "Амонатбонк" зарар надидааст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ раиси "Амонатбонк" имрӯз дар нишасти хабарӣ қазияи Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории “Амонатбонк”, бо бародарон Ғуломовҳоро шарҳ дод.

Ёдовар мешавем, Исоев.О, муовини директори Департаменти хазинадории "Амонатбонк", бо бародарон Ғуломовҳо, ки чанд ширкат таъсис дода, ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ ва интиқоли он ба хориҷи кишвар машғул будаанд.

Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ин мақомдор ғайриқонунӣ наздики 15 миллион долларро ба хориҷи кишвар интиқол додааст.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” гуфт, аз ҳамин қаллобии корманди бонк "Амонатбонк" ҳеҷ зиён надидааст.

"Аз ҳамин амале ки рух дод, бонк як танга ҳам зарар надид, чун ин муносибати шахсии корманди бонк ба худи ҳамон Ғуломовҳо аст", - гуфт раис.

Икромӣ афзуд, ки то чӣ ин андоза ҳақиқат доштани ин қазия дар охир муайян мешавад вақте кор ба додгоҳ меравад.

"Мо ҳамчун мизоҷ ба ҳамун ширкатҳо хизматрасонӣ кардагӣ ҳастем. Маблағҳои онҳоро ба асъори хориҷӣ табдил додем ва суроғае, ки онҳо пешниҳод кардан ирсол намудем", - гуфт раиси бонк.

Ёдрас мешавем, ки додситонии кул қазияи Исоевро тавзеҳ дода гуфт, бо мусоидати ӯ, бародарон Ғуломовҳо аз суратҳисобҳои ширкатҳояшон 14 миллиону 982 ҳазор долларро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол додаанд. Худи Исоев барои “хизматҳо”  3 миллиону 280 ҳазор сомонӣ (287 ҳазору 797 доллар) гирифтааст.

Ба иттилои мнабаъ, аз рӯи ин ҳолат нисбат ба номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Назари бевоситаи айбдоршавандаҳо ва ҷониби ҳимояашон дар бораи ин қазия феълан маълум нест.

Барчаспҳо:
миллион, қаллобӣ, раис, Сироҷиддин Икромӣ, "Амонатбонк"

Мавзӯъҳои асосӣ